Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ ва нашр кард. Мавсими нави Лигаи олии футболи кишвар 1 апрел оғоз мегардад. Чун соли гузашта чемпионати Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи 10 даста дар ду давр бозӣ мекунанд. Сипас дар марҳилаи дуюм […]

Asia-Plus

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ ва нашр кард. Мавсими нави Лигаи олии футболи кишвар 1 апрел оғоз мегардад.

Чун соли гузашта чемпионати Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи 10 даста дар ду давр бозӣ мекунанд. Сипас дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал бадастоварда боқӣ мемонанд.

Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал 5 дастаи беҳтарин дар гурӯҳи “А” дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-ум рақобат мекунанд.

Боқимонда 5 дастаи дигар дар як давр дар гурӯҳи “Б” бозӣ карда, барои ишғоли зинаҳои аз 6 то 10-ум ва боқӣ мондан дар мавсими оянда дар Лигаи олӣ рақобат мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои мавсим 2 дастаи зинаи охир Лигаи олиро тарк карда, мавсими навро дар Лигаи якум оғоз мекунанд. Дар мавсими футбол-2023 ҳар кадоме аз дастаҳо 22 бозӣ мегузаронад.

Тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи олӣ

Иштирокчиён:

1. «Хуҷанд» (Хуҷанд)

2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3. «Эсхата» (Хуҷанд)

4. «Равшан» (Кӯлоб)

5. «Ҳосилот» (Фархор)

6. «Файзканд» (Восеъ)

7. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

8. КМВА (Душанбе)

9. «Хатлон» (Бохтар)

10. «Истиқлол» (Душанбе)

Даври 1-ум

1 апрел (шанбе)

Оғоз – соати 16:00

2. «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

4. «Равшан» – «Кӯктош»

2 апрел (якшанбе)

Оғоз – соати 16:00

3. «Эсхата» – КМВА (ЦСКА)

5. «Ҳосилот» – «Файзканд»

3 апрел (душанбе)

Оғоз – соати 16:00

1. «Хуҷанд» – «Истиқлол»

Даври дуюм рӯзи 6 апрел оғоз мегардад. Маълумоти муфассал дар бораи даврҳои дигари мавсим бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.