Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст

Шахсияти марде, ки дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе як ҷавонзанро лату кӯб ва маҷбуран ба автомашина савор мекард, муайян гардидааст. Ӯ Наимҷон Дадабоев аст. Дар ин бора РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Навори латукӯб ва иҷборан ба мошин савор кардани зан рӯзи 22-юми март дар шабкаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ […]

Asia-Plus

Шахсияти марде, ки дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе як ҷавонзанро лату кӯб ва маҷбуран ба автомашина савор мекард, муайян гардидааст. Ӯ Наимҷон Дадабоев аст. Дар ин бора РВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Навори латукӯб ва иҷборан ба мошин савор кардани зан рӯзи 22-юми март дар шабкаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсия дархост карданд, ки ҳодисаи мазкур санҷиш ва дар доираи қонун чораандешӣ карда шавад.

Милитсияи пойтахт хабар медиҳад, ки дар натиҷаи гузронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ маълум гардид, ки ҳодисаи мазкур субҳи рӯзи 22-юми март рух дода, Наимҷон Дадабоев дар боғи кӯчаи Роҳи нав бо собиқ ҳамсари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст.

“Дадабоев Наимҷон бо мақсади дидорбинии фарзанди хурдсол ва таҷлили ҷашни Наврӯз зимни сайру гашт дар боғи кӯчаи Роҳи нав бо собиқ ҳамсари худ муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардааст. Ҳамзамон номбурдаро  зери лату куб қарор дода, маҷбуран ба воситаи нақлиёт савор кардааст”, – омдааст дар иттилоияи милитсияи пойтахт.

Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе айни замон гумонбаршаванда Наимҷон Дадабоев дар ҷустуҷӯ қарор дошта, оид ба ҳодисаи мазкур санҷиш идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки муноқиша ва латукӯби ҳамсар дар хиёбонҳои шаҳр ҳодисаи нав набуда, дар гузашта низ борҳо рух додааст. Сокинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба чунин ҳолат вокуниши тунд нишон дода, аз мақомоти марбут дархости боздошти латукӯбкунандро мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.