Пешниҳоди авфи муҳоҷирони ихроҷшудае, ки ҷиноятҳои ночиз содир кардаанд

Артём Кирянов, муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Думаи давлатии Русия, пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирони кории аз Русия барои ҷиноятҳои сабук ихроҷшуда афв шаванд. Дар ин бора хабаргузории русии “RG” иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин тадбир барои ҷалби то 200 ҳазор коргари хориҷӣ ба бозори кори Русия мусоидат мекунад, ки Русия ба онҳо бештар таваҷҷуҳ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Артём Кирянов, муовини раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Думаи давлатии Русия, пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирони кории аз Русия барои ҷиноятҳои сабук ихроҷшуда афв шаванд. Дар ин бора хабаргузории русии “RG” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, ин тадбир барои ҷалби то 200 ҳазор коргари хориҷӣ ба бозори кори Русия мусоидат мекунад, ки Русия ба онҳо бештар таваҷҷуҳ дорад.

Гумон меравад, ки ин пешниҳод метавонад ба муҳоҷироне ҳам, ки ҳоло аз Русия ихроҷ нашудаанд, татбиқ карда шавад.

“Ин авф нисбат ба шаҳрвандоне, ки ҷиноятҳои ночиз содир кардаанд, амалӣ карда шавад. Асосан онҳо нафаронеанд, ки сари вақт ҳуҷҷат насупоридаанд ва ё тарки кишварро ба таъхир андохтааанд”, – пешниҳод кардааст Кирянов.

Артём Кирянов афзудааст, ки кишварҳои алоҳидае, ки шаҳрвандони онҳо таҳти афв қарор мегиранд, ҳоло мушаххас нашаванд, зеро ҳоло ин ташаббус баррасӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки афви муҳоҷирони корӣ як механизми хеле маъмул дар таҷрибаи Русия аст ва бори аввал нест, ки истифода мешавад.

Дар баҳори соли 2017 Русия нахустин афви тақрибан 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро содир кард буд. Дар тӯли ин солҳо шаҳрвандони Молдова, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ афв шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бинобар иттилои расмӣ дар соли 2022 миёни ТОП – 10 кишваре, ки шаҳрвандонаш барои муҳоҷират ба Русия мераванд, Тоҷикистон дар мақоми дуввум қарор гирифт. Дар мақоми аввал Ӯзбекистон қарор дошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.