Охири ҳафта дар Тоҷикистон боришот дар назар аст

Обуҳавошиносони Тоҷикистон дар бораи обуҳавои охири моҳи март маълумот доданд. Рӯзҳои 28-29 март дар Душанбе мисли имрӯз ҳаво гарм мешавад. Рӯзона ҳарорат то 27 дараҷа гарм шуда, боришот дар назар нест. Лекин рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа – 30 ва 31 март обуҳавои тағйирёбандаи абрнок ва борони кӯтоҳмуддат бо раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона 21-23 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Обуҳавошиносони Тоҷикистон дар бораи обуҳавои охири моҳи март маълумот доданд. Рӯзҳои 28-29 март дар Душанбе мисли имрӯз ҳаво гарм мешавад. Рӯзона ҳарорат то 27 дараҷа гарм шуда, боришот дар назар нест.

Лекин рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа – 30 ва 31 март обуҳавои тағйирёбандаи абрнок ва борони кӯтоҳмуддат бо раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзи аввали моҳи апрел ҳаво софу бебориш мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорат ба монадаи пойтахт дар назар буда, дар ҳамин ҳол, аз рӯзи панҷшанбе то шанбе дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 2000 м борону барф) меборад.

Сокинони Хуҷанд метавонанд беташвиш бошанд: тибқи пешгӯиҳо дар ин ҷо муддати тамоми ҳафта боришот дар назар набуда, ҳарорат рӯзона аз 22 то 24 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Суғд дар ин рӯзҳо ҳаво дар водиҳо бебориш шуда, танҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот дар назар аст.

Дар Бохтар рӯзҳои 30 март ва 1 апрел боришоти кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Ба сурати умум, дар ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон аз рӯзи панҷшанбе то шанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад.

Дар Хоруғ ва ВМКБ аз 30 март то охири ҳафта борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, ҳарорат аз 10 то 15 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки аз 28 то 31 март дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва вилояти Суғд, инчунин ғарби ВМКБ ҳодисаҳои тармафароӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио