Ду медали самбочиёни тоҷик дар Ҷоми асосгузорони самбо дар Маскав

Дар мусобиқаи самбои “Ҷоми асосгузорони самбо” варзишгари тоҷик Шаҳбоз Нозимзода дар вазни 71 кг ба дарёфти медали тилло ноил гардид, хабар медиҳад Федератсияи умумирусиягии самбо. Намояндаи дигари Тоҷикистон Ғуломшо Давлатназаров дар вазни то 58 кило медали биринҷӣ гирифт. Ин мусобиқа рӯзҳои 25-26 март дар Маскав бо иштироки варзишгарон аз Русия, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Беларус, […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар мусобиқаи самбои “Ҷоми асосгузорони самбо” варзишгари тоҷик Шаҳбоз Нозимзода дар вазни 71 кг ба дарёфти медали тилло ноил гардид, хабар медиҳад Федератсияи умумирусиягии самбо.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ғуломшо Давлатназаров дар вазни то 58 кило медали биринҷӣ гирифт.

Ин мусобиқа рӯзҳои 25-26 март дар Маскав бо иштироки варзишгарон аз Русия, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Беларус, Туркманистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Чин ва Марокаш баргузор шуд.

Барои самбочиёни тоҷик боз ду мусобиқаи муҳим дар пеш аст – рӯзҳои 12-13 май дар Баҳрайн Чемпионати Осиёи ва Уқёнус оид ба самбои соҳилӣ ва рӯзҳои 12-18 июн дар Қазоқистон чемпионати мукаммали қора доир мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.