Захираи ангишт ва мазут барои марказҳои гармидиҳии пойтахт. Он дар сардиҳои оянда кифоя аст?

Барои бо гармӣ таъмин кардани аҳолии пойтхат дар фасли тирамоҳу зимистони соли 2023-2024 тавассути марказҳои гармидиҳӣ ва дегхонаҳои пойтахт 1,1 миллион тонна ангишт, 30 ҳазор тонна мазути камсулфур захира карда шуда, интиқоли гази табиӣ низ дар назар аст. Дар робита ба ин қарори ҳукумат дар бораи замистонгузаронӣ ба имзо расидааст. Дар қарор аз ҷумла, гуфта […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Барои бо гармӣ таъмин кардани аҳолии пойтхат дар фасли тирамоҳу зимистони соли 2023-2024 тавассути марказҳои гармидиҳӣ ва дегхонаҳои пойтахт 1,1 миллион тонна ангишт, 30 ҳазор тонна мазути камсулфур захира карда шуда, интиқоли гази табиӣ низ дар назар аст. Дар робита ба ин қарори ҳукумат дар бораи замистонгузаронӣ ба имзо расидааст.

Дар қарор аз ҷумла, гуфта мешавад, ки “нақшаҳои таҳвил ва захиракунии ангишт (1,1 миллион тонна бо назардошти бақия) барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармдиҳии №2-и шаҳри Душанбе), мазути камсулфур (30 ҳазор тонна бо назардошти бақия) ва интиқоли гази табиӣ барои Маркази барқу гармдиҳии №1 ва дегхонаҳои “Шарқӣ” ва “Ғарбӣ”-и пойтахт вазифагузорӣ карда шавад”.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта барои таъмини марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе беш аз 891 ҳазор тонна ангишт ва зиёда аз 24 ҳазор тонна мазути камсулфур захира гардида буд.

Вале зимистони сард нишон дод, ки ин захираҳои соли 2022 кофӣ набуда, низоми гармидиҳӣ ҳам ба таври зарурӣ танзим нашудааст. Аз ин лиҳоз, зимистони гузашта сокинони пойтахт аз гармии нокифоя дар хонаҳои худ зиёд шикоят карданд.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Душанбе сар аз 14-уми ноябр мавсими гармидиҳӣ оғоз шуд ва аз ин пештар масъулин гуфта буданд, ки барои гузаронидани фасли зимистон пурра омодаанд.

Соли гузашта масъулин қисман мушкилро эътироф карданд. Аз ҷумла, масъулини Маркази гармидиҳии №1 дар авҷи сардиҳо дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки бо газ фаъолият мекунанд ва дар корашон норасоии маводи сӯхт ба вуҷуд омадааст.

Чунин ба назар мерасад, ки бо назардошти норасоии маводи сӯхт дар соли 2022, имсол аз баҳор ба мавсими зимистон тайёрӣ оғоз шуда, маводи сӯхт захира карда мешавад.

Қариб 450 иншооти нав ба шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст мешаванд

Гуфта мешавад, ки соли равон ба 3 ҳазору 200 иншооти пойтахт гармӣ интиқол дода мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 433 адад бештар аст. Соли гузашта, 2767 иншооти пойтахт бо гармӣ таъмин буд.

Зимистони гузашта, аҳолӣ яке аз сабабҳои мушкил дар кори гармидиҳии пойтахтро дар фишори оби гарм унвон мекарданд, ки бо пайваст шудани биноҳои дигар ва афзоиши шумораи биноҳо фишори он поин шуда, оби гарм то ҷои зарурӣ намерасад.

“Масъулинро зарур аст, ки пеш аз пайваст намудани биноҳои дигар аввал иқтидори марказҳои барқу гармидиҳиҳоро ба инобат гиранд. Мантиқӣ аст, ки бо пайваст шудани биноҳои дигар фишори об паст мешавад ва ба тақсимот халал ворид мекунад. Аз ин рӯ, аввал иқтидори хизматрасонӣ ба назар гирифта шуда, баъд дигар биноҳо пайваст шаванд”, – иддао мекарданд бархе сокинони пойтахт.

Ҳоло маълум нест, ки бо зиёд шудани биноҳо ба низоми гармидиҳӣ кори онҳо дар фасли зимистони оянда чӣ гуна мешавад.

Мавсими гармидиҳӣ дар Тоҷикистон ҳамасола аз нимаи дуввуми моҳи октябр шурӯъ шуда, то моҳи апрели соли оянда давом мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио