Беш аз 100 намояндаи ширкатҳои Туркманистон барои баррасии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба Тоҷикистон меоянд

Ҷаласаи аввали Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон, ки беш аз 100 намояндаи ширкат ва сохторҳои Турманистон дар он гирдиҳам меоянд, рӯзи 8 апрел соати 17:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар доираи ин вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои соҳибкорӣ, ҷустуҷӯи […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҷаласаи аввали Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркманистон, ки беш аз 100 намояндаи ширкат ва сохторҳои Турманистон дар он гирдиҳам меоянд, рӯзи 8 апрел соати 17:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи ин вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаҳои соҳибкорӣ, ҷустуҷӯи шарикони нав, тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои иқтисодию тиҷорӣ ва робитаҳои соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар баррасӣ мекунанд.

Рӯзи дигар, 9 апрел соати 10:00 маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳи маҳсулоти содиротии кишварҳо доир мегардад. Сипас соати 11:30 форуми тиҷоратии соҳибкорони ҳар ду кишвар баргузор гардида, соати 15:00 вохӯриҳои дуҷониба байни тоҷирон оғоз мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар кори Форум намояндагони беш аз 67 ширкати хурду бузург ва миёнаи Туркманистон, ки ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, асбобу техникаи рӯзгор, пластмасса, маводи канселярӣ, нассоҷӣ ва қаҳва машғуланд, иштирок мекунанд. Ҳамчунин кору хидматрасониҳои тиҷорат ва маҳсулот дар бахшҳои сайёҳӣ, сохтмон, савдо, хидматрасониҳои (консалтингӣ) машваратӣ муаррифӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов рӯзҳои 10-11 апрел бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Бердимуҳаммадов дар чаҳорчӯби сафараш бо мақомоти давлатӣ якчанд дидорҳои дуҷониба анҷом дода, дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталифро баррасӣ хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.