Рӯҳоние, ки рақсу сурудхониро дар тӯйи бародарзодааш манъ кард, ба ифротгароӣ муттаҳам шудааст

Рӯҳоние, ки дар тӯйи бародарзодааш дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон монеи рақсу сурудхонӣ шуда буд, ба “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад. “Парвандаи Абдулҳаннон Маннонови 51-соларо барои муҳокима ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристоданд”, – навиштааст ин расона. Ду манба аз мақомоти тафтишотӣ, рӯзи 6-уми апрел, ба ин радио гуфтааст, […]

Asia-Plus

Рӯҳоние, ки дар тӯйи бародарзодааш дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон монеи рақсу сурудхонӣ шуда буд, ба “даъват ба ифротгароӣ” муттаҳам шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад.

“Парвандаи Абдулҳаннон Маннонови 51-соларо барои муҳокима ба Додгоҳи вилояти Хатлон фиристоданд”, – навиштааст ин расона.

Ду манба аз мақомоти тафтишотӣ, рӯзи 6-уми апрел, ба ин радио гуфтааст, ки “парвандаи рӯҳонӣ се моҳ боз тафтиш мешавад. Худаш дар Боздоштгоҳи муваққатӣ аст”.

Тафсилоти бештар дар хусуси иттиҳом ва раванди тафтишот ва назари наздикони рӯҳонӣ оид ба иттиҳом маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз ҷараёни тӯй нашр шуд ва дар он дида мешуд, ки як марде бо қиёфаи рӯҳонӣ монеи рақсу сурудхонӣ гардида, меҳмононро меронад.

Навори дашном ба меҳмонон ва рондани мардум аз хона барои рақсу бозӣ хашми корбаронро барангехт. Бисёриҳо рафтори ӯро танқид карда, хостори таҳқиқи он аз ҷониби мақомоти зиддахл шуданд.

Вазорати корҳои дохилӣ наворро шарҳ дода, рӯзи 27-уми январ гуфт, рӯҳонӣ Абдулҳаннон Маннонов ҷашни арӯсии ҷиянашро дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён баҳам задааст.

Худи Маннонов дар навори мақомоти корҳои дохила гуфт, ки аз асабоният чунин рафтор кард ва умед дорад, мардум ӯро мебахшанд.

Бояд гуфт, ки “даъват ба ифротгароӣ” бо моддат 307 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст мешавад ва ин модда, маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазоро пешбинӣ менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.