Ҷавонеро, ки ба сафири Арабистони Саудӣ ва ҳамроҳонаш ифтор дод, ба Ҳаҷҷи умра фиристоданд

Ба ҷавони тоҷик ва ҳамсараш, ки чанде пеш Валид бин Абдурраҳмон ал-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва ҳамроҳони ӯро барои ифтор ба хонаашон даъват карда буданд, раводиди Ҳаҷи умра тақдим гардидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки ин ҷавон Асадулло Садриддинов, сокини ноҳияи Айнӣ буда, […]

Ба ҷавони тоҷик ва ҳамсараш, ки чанде пеш Валид бин Абдурраҳмон ал-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ва ҳамроҳони ӯро барои ифтор ба хонаашон даъват карда буданд, раводиди Ҳаҷи умра тақдим гардидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин ҷавон Асадулло Садриддинов, сокини ноҳияи Айнӣ буда, сафир, яке аз роҳбарони сандуқҳои кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон ва ҳайати ҳамроҳони онҳоро ба хонаи худ, барои ифтор (хӯроки шом) даъват кардааст. Сафир ва ҳамроҳони ӯ он рӯз аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, баъди тақсими кумакҳо ба манотиқи аз заминларза зарардида бармегаштанд.

“Меҳмонон ин даъватро пазируфта, дар хонаи Асадулло рӯзаашонро кушодаанд. Меҳмоннавозии ин ҷавон ончунон ба меҳмонон аз Арабистони Саудӣ хуш омад, ки сафири Арабистони Саудӣ иброз дошт, ки омодааст барои рафтани ӯ ба Ҳаҷҷи умра мусоидат кунад”, – гуфт манбаъ.

Раҳбари сандуқи кумакҳои хайрияи ба номи малик Салмон омодагии худро барои пардохти харҷи сафари Ҳаҷҷи умраи Асадулло ва ҳамсараш баён доштааст.

Ёдовар мешавем, ки бо гузашти як ҳафта аз заминларзаи харобиовар дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки хонаву иншооти зиёд зарар диданд, сафири Арабистони Саудӣ кумаки давлаташро якҷо бо ҳайати Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон ба аҳолии зарардидаи ноҳия дастрас карда буданд.

Гуфта мешавад, ки кумаки давлати Арабистони Саудӣ аз се мошин, аз ҷумла бухорӣ (печ), болопушӣ пашмӣ (одеяло) ва ангишт иборат мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.