Медали тиллои ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Алмато

Ҷудокори тоҷик Иброҳимҷон Элмуродов дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон дар Алмато (Қазоқистон) дар вазни зиёда аз 100 кг ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид. Тавре Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, боз як намояндаи Тоҷикистон Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг) медали биринҷӣ гирифтааст. Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ба […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҷудокори тоҷик Иброҳимҷон Элмуродов дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон дар Алмато (Қазоқистон) дар вазни зиёда аз 100 кг ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид.

Тавре Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, боз як намояндаи Тоҷикистон Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг) медали биринҷӣ гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро ба сурати умум 13 варзишгар – 7 наврас ва 6 ҷавон намояндагӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа дастаи Тоҷикистон ба дарёфти 5 медал – 4 биринҷӣ ва 1 тилло ноил гардид.

Дар рӯзи аввали мусобиқа се ҷудокор аз Тоҷикистон – Лоик Қутбудинов (55 кг), Ворис Назаров (66 кг) ва Аминҷон Абдуҷалилзода (73 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон дар Алмато аз 7 то 9 апрел баргузор шуд.

Ин мусобиқа яке аз бонуфузтарин дар минтақа арзёбӣ шуда, барои иштирок дар он варзишгарони беҳтарин гирдиҳам меоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.