Гирифтани иҷозатномаи сохтмон дар Тоҷикистон соддатар шуд

Мақомоти Тоҷикистон ҷараёни бақайдгирии ҳуҷҷатҳоеро, ки барои машғул шудани ба сохтмон дар кишвар иҷоза медиҳанд, соддатар карданд. Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти иҷозатномадиҳии шаҳрсозии назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон, акнун ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ ба қайд гирифтан мумкин аст. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ҳуҷҷатҳои худро дар сомонаи www.kifs.tj ба қайд гузоранд. […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон ҷараёни бақайдгирии ҳуҷҷатҳоеро, ки барои машғул шудани ба сохтмон дар кишвар иҷоза медиҳанд, соддатар карданд.

Бино ба иттилои сомонаи Хадамоти иҷозатномадиҳии шаҳрсозии назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон, акнун ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ ба қайд гирифтан мумкин аст.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ҳуҷҷатҳои худро дар сомонаи www.kifs.tj ба қайд гузоранд.

“Ин иқдом бар асоси дастуру фармоишҳои президенти кишвар, ки дар ҷаласаи ҳукумат дар мавриди масъалаи густариши ҷараёни рақамикунӣ садо доданд, амалӣ шуд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Танҳо сарватмандон ба сохтмон машғул шуда метавонанд

Мақомот қаблан барои сангинтар кардани талабот ба бинокорон ҷиҳати ҳимоя аз манфиатҳои саҳмдорон ва моликон, инчунин пешгирии ба таври сунъӣ дароз кардани муҳлати сохтмон, тадбирҳо рӯйи даст гирифтанд.

Тартиби нави аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе тасдиқшуда аз санҷиши қарзи ширкати бинокор аз андоз, пешниҳоди нишондиҳандаҳои техникиву иқтисодӣ ва уҳдадориҳо оид ба маблағҳо дар суратҳисоби алоҳидаи бонкӣ иборат аст.

Ширкати бинокор бояд аз рӯйи ҳуҷҷат доштани суратҳисоби бонкиро, ки дар он на камтар аз 20% аз арзиши умумии иншооти сохтамешуда нигаҳдорӣ мешавад, тасдиқ намояд.

Ширкатҳое, ки бори аввал ба сохтмон машғул мешаванд, танҳо як биноро сохта метавонанд, ба бунёди маҷмааи биноҳо бошад, танҳо ба ширкатҳои таҷрибадор иҷоза дода мешавад.

Ҳамчунин шартҳои эътирофи ширкати сохтмон ҳамчун “мушкилдор” муайян карда шуданд, ки аз оғози корҳои сохтмон бидуни пардохтҳои ҳатмӣ, риоя накардани меъъёрҳои сохтмон, худсарона сохтани биноҳои иловагӣ ва ошёнаи дар лоиҳа мавҷуднабуда, инчунин гузаштани вақти ба истифода додани иншооти сохтмон ба муҳлати беш аз 6 моҳ иборатанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон сохтмони биноҳои истиқоматӣ дар Тоҷикистон хеле дар ҳоли рушд аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҶТ, соли 2022 дар Тоҷикистон 1701,5 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки 119% нисбат ба соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.