Дарёфти ҷасади чӯпони дар кӯҳҳои шаҳри Турсунзода бедаракшуда

Дар кӯҳҳои шаҳри Турсунзода ҷасади чӯпони охири моҳи март бедаракшуда дарёфт шуд. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, охири моҳи март дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ сокини маҳаллӣ аз чаронидани чорво барнамегардад. Корҳои ҷустуҷӯ, ки дар он ҳам кормандони шуъба ва ҳам сокинони маҳаллӣ иштирок карданд, натиҷа надодааст.  “Танҳо рӯзи 9 апрел […]

Дар кӯҳҳои шаҳри Турсунзода ҷасади чӯпони охири моҳи март бедаракшуда дарёфт шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, охири моҳи март дар ҷамоати деҳоти Қаратоғ сокини маҳаллӣ аз чаронидани чорво барнамегардад. Корҳои ҷустуҷӯ, ки дар он ҳам кормандони шуъба ва ҳам сокинони маҳаллӣ иштирок карданд, натиҷа надодааст.

 “Танҳо рӯзи 9 апрел ҷасади мард дарёфт шуд. Сабаби пешакии марг риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳӣ мебошад”, – хабар медиҳад Кумита.

Кумита бори дигар аз мардум хоҳиш кардааст, ки ба қадри имкон аз сафар, сайругашт, чаронидани чорво, ҳезумчинӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дирӯз, 9 апрел имдодгарон аз обанбори пойтахт ҷасади марди калонсолро берун оварданд.

“Субҳи рӯзи 9 апрел ба навбатдории фаврии Кумита хабар расид, ки дар Канали Калони Ҳисор, ки тариқи Душанбе мегузарад, ҷасади марде пайдо шудааст. Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади мардро аз канал берун оварданд ва ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, – омадааст дар хабар.

Каме баъдтар маълум шудааст, ки ин мард сокини 82-солаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад.

Сохторҳои марбута айни замон сабабҳои марги марди калонсолро таҳқиқ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.