Президенти Ироқро ба Тоҷикистон даъват кардаанд

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Ироқ иттилоъ дод, ки президенти ин кишвар Абдулатиф Ҷамол Рашид барои сафар ба Душанбе даъватнома гирифт. Даъватномаро аз номи Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якшанбе Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ, супурд. Ба иттилои манбаъ, Зубайдулло Зубайдзода аз тамоюли Тоҷикистон барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо миёни ду кишвар гуфтааст. Президенти Ироқ ба аҳамияти […]

Сentralasian.org

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Ироқ иттилоъ дод, ки президенти ин кишвар Абдулатиф Ҷамол Рашид барои сафар ба Душанбе даъватнома гирифт.

Даъватномаро аз номи Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якшанбе Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ, супурд.

Ба иттилои манбаъ, Зубайдулло Зубайдзода аз тамоюли Тоҷикистон барои боло бурдани сатҳи ҳамкориҳо миёни ду кишвар гуфтааст.

Президенти Ироқ ба аҳамияти густариши ҳамкориҳои ду кишвар ба ҳадафи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ ва зарурати боз кардани сафорати Тоҷикистон дар Бағдод таъкид кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар робита ба ин хабар ибрози назар накардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио