Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас афзуд

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 8,6 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки 17,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Дар се моҳи аввали соли 2022 ин маблағ 7,3 млн долларро ташкил дода буд. Бино ба маълумоти ширкати “Барқи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 8,6 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки 17,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Дар се моҳи аввали соли 2022 ин маблағ 7,3 млн долларро ташкил дода буд.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон (муддати тамоми сол) ва дар давраи баҳору тобистон (моҳҳои май-август) – ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.

Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт (моҳҳои май-август) барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар – то 40 МВт кам карда мешавад.

Ин ба он марбут аст, ки дар давраи тирамоҳу зимистон неруи барқ ҳатто барои таъмини истеъмолгарони дохилӣ намерасад. Маъмулан аз оғози фасли тирамоҳ то охири моҳи март сокинони минтақаҳои деҳот ба камбуди барқ дучор шуда, баъзан маҳдудият дар моҳи апрел низ давом мекунад.

Дар фасли тобистон бошад, кишвар дорои захираҳои зиёдатии обиву энергетикӣ мегардад, ки қисмате аз он дар неругоҳҳои барқи обӣ холӣ партоб мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар зарфи 3 моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 5,4 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 1,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Ҳудуди 88,4%-и барқ аз ҳаҷми умумӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, 11,6% – дар марказҳои барқу гармидиҳӣ  истеҳсол шуда, ҳаҷми барқи истеҳсолшуда дар неругоҳҳои офтобӣ дар зарфи 3 моҳ ҳамагӣ 80 ҳазор киловатт-соатро ташкил додааст, ки ба 0,001%  аз ҳаҷми умумии истеҳсол баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио