Дар СҲШ барои пурра даст кашидан аз доллар харитаи роҳ таҳия мешавад

Дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар бораи гузаштан ба ҳисооббаробариҳо бо пулҳои миллӣ харитаи роҳ таҳия мешавад. Дар ин бора рӯзи душанбе дар шабакаи телевизиони “Беларус-1” муовини дабири кулли Созмон Григорий Логвинов хабар додааст. “Харитаи роҳ ҷиҳати гузаштан ба ҳисоббаробариҳо бо асъори миллӣ мавриди таҳия қарор дорад. Ин кор осон нест, зеро мутаассифона, доллар ҳамчун […]

Asia-Plus

Дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар бораи гузаштан ба ҳисооббаробариҳо бо пулҳои миллӣ харитаи роҳ таҳия мешавад. Дар ин бора рӯзи душанбе дар шабакаи телевизиони “Беларус-1” муовини дабири кулли Созмон Григорий Логвинов хабар додааст.

“Харитаи роҳ ҷиҳати гузаштан ба ҳисоббаробариҳо бо асъори миллӣ мавриди таҳия қарор дорад. Ин кор осон нест, зеро мутаассифона, доллар ҳамчун асъори захиравии ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар низомҳои миллии асъор низ хеле амиқ мавқеъ дорад”, – иброз доштааст вай.

Ба гуфтаи Логвинов, барои комилан даст кашидан аз доллар, "ҳанӯз анҷоми корҳои зиёд ва тай кардани роҳи хеле дуру дароз лозим аст".

“Дар робита ба ҷорӣ шудани кадом як асъори ягонаи СҲШ ҳоло сухан намеравад, алҳол чунин вазифа гузошта нашудааст. Оянда маълум мешавад”, – зикр кардааст муовини дабири кулли СҲШ.

Айни замон давлатҳои зерин узви СҲШ мебошанд: Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Эрон расмиёти узвият ба Созмонро анҷом медиҳад. Афғонистон ва Муғулистон мақоми нозирро дар Созмон доранд.

Дар нишасти Созмон моҳи сентябри соли 2022 дар Самарқанд механизами пайвастани Беларус ба СҲШ оғоз гардид, ки аз аз соли 2015 мақоми нозирро дорад. Озарбойҷон, Арманистон, Миср, Камбоҷа, Қатар, Непал, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Шри-Ланка шарикони муколама мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.