Роҳбари пешини КДАМ-и Қазоқистон ба 18 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳе дар Остона собиқ раиси КДАМ-и Қазоқистонро бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ва “талоши ғасби қудрат” дар ҳодисаҳои моҳи майи соли 2022 ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора матбуоти Қазоқистон хабар дод. Додгоҳ инчунин амр дод, ки ҳама моликияти Карим Масимов мусодира ва тамоми умр аз ҳақи дарёфти мақоми давлатӣ маҳрум шавад. […]

centralasian.org

Додгоҳе дар Остона собиқ раиси КДАМ-и Қазоқистонро бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ва “талоши ғасби қудрат” дар ҳодисаҳои моҳи майи соли 2022 ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора матбуоти Қазоқистон хабар дод.

Додгоҳ инчунин амр дод, ки ҳама моликияти Карим Масимов мусодира ва тамоми умр аз ҳақи дарёфти мақоми давлатӣ маҳрум шавад. Се муовини Масимов ба мӯҳлатҳои каме поинтари зиндон маҳкум шуданд. Парванда пушти дарҳои баста баррасӣ шудааст.

Масимовро дар авҷи эътирозҳои мардумӣ ва беназмиҳои мусаллаҳона дар чанд вилояти Қазоқистон ҳабс карданд. Ӯ баландтарин мақомдори ҳукумат буд, ки аз рӯи он ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Масимовро наздиктарин шахси собиқ президент Нурсултон Назарбоев меномиданд.

Бисёр ҷузъиёти ҳодисаҳои январи соли 2022, ки дар натиҷаи он беш аз 200 нафар кушта шуд, ҳанӯз номуайян боқӣ мемонад. Яке аз фарзияҳое, ки дар ҷомеаи Қазоқистон фаъолона баррасӣ мешавад, ин аст, ки эҳтимолан Назарбоев ва Масимов манфиатдори ташкили ин ҳодисаҳо буданд. Бисёр наздикони Назарбоев баъдан ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Вале расман мақомот масъулияти ин ҳодисаҳоро ба дӯши “нирӯҳои беруна” вогузор карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.