Шарҳи Прокуратураи генералӣ ба навори лату кӯби сарбозон: гунаҳкорон боздошт шуданд

Прокуратураи генералии Тоҷикистон шоми 24 апрел пас аз чанд соати дар Интернет нашр шудани навори лату кӯби сарбозон хабар дод, ки вобаста ба ин ҳодиса прокуратураи ҳарбӣ 5 нафар хидматчиёни ҳарбии дар ин амал дастдоштаро муайян ва боздошт кардааст. Бино ба маълумоти сомонаи Прокуратураи генералииҶТ, оид ба ин навор прокуратураи ҳарбӣ бо ҷалби дигар мақомоти ҳифзи […]

Прокуратураи генералии Тоҷикистон шоми 24 апрел пас аз чанд соати дар Интернет нашр шудани навори лату кӯби сарбозон хабар дод, ки вобаста ба ин ҳодиса прокуратураи ҳарбӣ 5 нафар хидматчиёни ҳарбии дар ин амал дастдоштаро муайян ва боздошт кардааст.

Бино ба маълумоти сомонаи Прокуратураи генералииҶТ, оид ба ин навор прокуратураи ҳарбӣ бо ҷалби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷиш гузаронида, муайян карда шуд, ки тахминан 15 декабри соли 2022 хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ сержант Қосимзода Ҷонибек Абдулаҳад аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ қаториҳо Азимов Фахриддин Бахтиёрович, Камолов Аъзам Шарифхонович, Нозимов Маҳмадназар Бузургович ва Сайфуллоев Ҳоҷиакбар Ҳакимович қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бар хилофи талаботҳои Оинномаи интизомӣ ва Оинномаи хизмати дохилии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карданд.

“Онҳо бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров Меҳмонҷон Субҳонқулович, қаториҳо Чориев Бекзод Тоирович, Каримзода Замир Рустам, Амиров Некруз Файзуллоевич ва Мусоев Алишер Тошбоевичро мавриди лату кӯби ҷисмонӣ қарор дода, дарди ҷисмонӣ ба саломатиашон расониданд”, – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳодиса прокурори ҳарбии гарнизони Суғд 24 апрели соли 2023 бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “б,в” (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо, ҳамин кирдор, агар: нисбати ду ва зиёда ашхос; аз ҷониби гурӯҳи ашхос, гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил)  Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Гумонбаршудаҳо дастгир карда шуда, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Дар ин моддаи барои риоя накардани муносибатҳо тибқи оиннома ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 20 сол таҳдид мекунад.

Қобили зикр аст, ки пас аз нашри мавод дар шабакаҳо корбарони зиёд аз латукӯб ва бадрафторӣ дар сафи артиш ёдовар шуда, аз он бо шеваи тунд интиқод карданд ва аз мақомоти масъули кишвар дархост карданд, ки ҳодиса таҳқиқ гардида, гунаҳкорон муҷозот шаванд.

Ҳамчунин, аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб намуданд, ки минбаъд пеши роҳи меҳтарсолорӣ ва бадрафторӣ дар артиш гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Тибқи маълумоти гузориши ҳукумати Тоҷикистон, ки ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ фиристода шуд, аз соли 2019 то соли 2021 барои муносибатҳои берун аз оиннома, бадрафторӣ нисбати наваскарон ва аз ҳадди ваколатҳои худ баромадани афсарон дар артиши Тоҷикистон беш аз 100 нафар сарбоз ҳалок шудаанд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар гузориши чанде қабли худ хабар дод, ки тайи се соли ахир барои пинҳон кардани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ 639 нафар мансабдорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд.

Навори шиканҷаи сарбозон аз сӯйи ҳамхидматонашон дар ҳоле паҳн мегардад, ки дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ идома дорад ва мақомот мегӯянд, вазъ дар артиш беҳтар шудаву теъдоди ихтиёриён бештар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.