Навори латукӯби сарбозон ва хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ. Мақомот то ҳол шарҳ надодаанд

Навори видеоӣ, ки саҳнаи латукӯби сарбозонро намоиш медиҳад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, боиси эътирози ҷиддии корбарони интернетӣ гардид. Ин навори видеоӣ имрӯз, 24-уми апрел дар шабакаҳо паҳн шуд ва саф кашидани чанд сарбоз ва бадрафторӣ ё меҳтарсолорӣ нисбати онҳоро намоиш медиҳад. Маълум нест, ки ин навор аз ҷониби кӣ ва кай сабт шудаву […]

Asia-Plus

Навори видеоӣ, ки саҳнаи латукӯби сарбозонро намоиш медиҳад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, боиси эътирози ҷиддии корбарони интернетӣ гардид.

Ин навори видеоӣ имрӯз, 24-уми апрел дар шабакаҳо паҳн шуд ва саф кашидани чанд сарбоз ва бадрафторӣ ё меҳтарсолорӣ нисбати онҳоро намоиш медиҳад.

Маълум нест, ки ин навор аз ҷониби кӣ ва кай сабт шудаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам то ҳол шарҳ надодаанд, ки ин навор дар куҷо ва дар чӣ шароите сабт шудааст. Кушишҳои “Asia-Plus” ҳам барои дарёфти назари расмии Вазорати мудофиа бесамар анҷом ёфт. Ба зангҳои телефонии мо посух дода нашуд. 

Пас аз нашри мавод дар шабакаҳо корбарони зиёд аз латукӯб ва бадрафторӣ дар сафи артиш ёдовар шуда, аз он бо шеваи тунд интиқод карданд ва аз мақомоти масъули кишвар дархост карданд, ки ҳодиса таҳқиқ гардида, гунаҳкорон муҷозот шаванд. Ҳамчунин, аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб намуданд, ки минбаъд пеши роҳи меҳтарсолорӣ ва бадрафторӣ дар артиш гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Навори шиканҷаи сарбозон аз сӯйи ҳамхидматонашон дар ҳоле паҳн мегардад, ки дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ идома дорад ва мақомот мегӯянд, вазъ дар артиш беҳтар шудаву теъдоди ихтиёриён бештар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.