Аҳмад Масъуд дар Вена. Нишасти дуюми ҷунбиши зидди Толибон оғоз шуд

Ин нишаст рӯзи душанбеи 24-уми апрел аз сӯи Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии Австрия дар Вена, пойтахти ин кишвар баргузор шуд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад. Нахустин нишасти зидди Толибон*, ки се рӯз идома кард, сентябри соли гузашта аз сӯи ин Пажӯҳишгоҳи байнулмилалӣ баргузор шуда буд. Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Рангин Додфар […]

Ин нишаст рӯзи душанбеи 24-уми апрел аз сӯи Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии Австрия дар Вена, пойтахти ин кишвар баргузор шуд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ” хабар медиҳад.

Нахустин нишасти зидди Толибон*, ки се рӯз идома кард, сентябри соли гузашта аз сӯи ин Пажӯҳишгоҳи байнулмилалӣ баргузор шуда буд.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Рангин Додфар Спанто, собиқ вазири корҳои хориҷӣ ва мушовири амнияти миллӣ, Фавзия Кофӣ, собиқ узви Маҷлиси намояндагон аз ширкаткунандагони аршади ин нишаст ҳастанд.

Эҷоди ҳамоҳангӣ ва эътимод миёни ҷиноҳҳои мухолифи Толибон ва густариши муқовимат алайҳи ин гурӯҳ, яке аз меҳварҳои аслии ин нишаст гуфта мешавад.

Дар миёни 41 ширкаткунандаи нишасти Вена Салоҳиддини Раббонӣ, раҳбари яке аз шохаҳои Ҷамъияти Исломӣ, Залми Расул, собиқ вазири умури хориҷӣ, Масъуди Андаробӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири умури дохилии ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва Раҳматуллоҳ Набил, раиси Амнияти миллии ҳукумати қаблӣ дар ин нишаст иштирок накардаанд.

Раҳматуллоҳ Набил яке аз чеҳраҳои даъватшуда ба ин нишаст гуфтааст, ки бар асоси тарҳҳои қаблан тарҳрезишуда ӯ наметавонад дар нишасти дуввуми Вена ширкат кунад.

Дар ин нишаст, теъдоде аз фаъолони сиёсӣ, масъулони ҳукумати қаблӣ, вакилони порлумони собиқ, хабарнигорон ва фаъолони шаҳрвандӣ низ ширкат доштанд.

Ин нишаст аз 24 то 26-уми апрел идома хоҳад кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.