Дар артиш латукӯб карданд? Ба кадом ниҳодҳо ва чӣ тавр метавон муроҷиат намуд?

Навори латукӯби сарбозон аз ҷониби ҳамсафонашон, ки дирӯз, 24-уми апрел, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ҷомеаи кишварро такон дод. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳодисаи латукӯб ва меҳтарсолорӣ дар артишро бо қатъият маҳкум намуда, аз мақомот дархост намуданд, ки гунаҳкорони латукӯби ахир пайдо ва муҷозот гардида, минбаъд ба такрори чунин ҳолат роҳ дода нашавад. Пас аз чанд […]

Asia-Plus

Навори латукӯби сарбозон аз ҷониби ҳамсафонашон, ки дирӯз, 24-уми апрел, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ҷомеаи кишварро такон дод. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳодисаи латукӯб ва меҳтарсолорӣ дар артишро бо қатъият маҳкум намуда, аз мақомот дархост намуданд, ки гунаҳкорони латукӯби ахир пайдо ва муҷозот гардида, минбаъд ба такрори чунин ҳолат роҳ дода нашавад.

Пас аз чанд соати паҳн гардидани навори латукӯб, Прокуратураи генералии кишвар бо нашри изҳорот аз боздошти нафароне, ки ҳамхидматонашонро латукӯб кардааанд, хабар дод. Маълум гардид, ҳодиса чаҳор моҳ пештар дар яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рух додааст. Ин ниҳод навишт, ки нисбати 5 нафар сарбози ҳамхидматонашонро латукӯбкарда парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишотро оғоз намудааст.

Навори латукӯби сарбозор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда баррасӣ ва муҳокима гардид. Корбарон бори дигар ба зарурати таҷдиди артиши кишвар ва маҳви меҳтарсолорӣ дар он таъкид намуданд.

Дар чунин вазъе, ки ҷомеа аз вуҷуди сарбозозорӣ ё маҳтарсолорӣ дар артиш изҳори ташвиш намуда, ба маҳви он таъкид мекунад, Asia-Plus тасмим гирифт, ки матлаби чанде пештар таҳиянамудаи худ оид ба сохторҳои ҳомии ҳуқуқи сарбозонро бознашр намояд. Дар он суроға ва рақами телефони сохторҳои дахлдор сабт шудааст, ки дар ҳолати дучор шудан бо меҳтарсолорӣ метавон муроҷиат намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.