Дар Душанбе ҳаракати нақлиёт маҳдуд мешавад

Дар Душанбе сар аз 28-уми апрел бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ ва васли шабакаҳои муҳандисӣ дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт қатъ гардида, муваққатан хатти сайри чанд маршрут иваз карда мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ҳаракати нақлиёт дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ дар масофаи 0,7 км […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар Душанбе сар аз 28-уми апрел бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирӣ ва васли шабакаҳои муҳандисӣ дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт қатъ гардида, муваққатан хатти сайри чанд маршрут иваз карда мешавад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳаракати нақлиёт дар роҳи автомобилгарди кӯчаи Соҳилӣ дар масофаи 0,7 км муваққатан маҳдуд гардида, барои ивазкунии он кӯчаҳои дигари ҳамшафат пешбинӣ мешавад.

“Дар ин масир ба хатсайри автобусии №81 ва хатсайрҳои микроавтобусии № 1, 3, 5А, 30, 42, 52, 57, 58, 81 ва 88 тағйирот ворид карда шуда, фаъолияти ин хатсайрҳо то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, М.Қосимов, Фирдавсӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад”, – менависад шаҳрдорӣ.

Аз ин лиҳоз, шаҳрдории пойтахт аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мекунад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи Соҳилӣ истифода намоянд.

Бояд гуфт, сар аз 12-уми апрел ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ бо сабаби таъмир шудан ба муддати номуайян маҳдуд гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар бархе роҳҳои пойтахт корҳои таъмиру азнавсозӣ ҷараён дорад ва дар оянда боз ҳам маҳдудиятҳо пешбинӣ мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.