“То кай идома мекунад, маълум нест”. Ҳаракат дар кӯчаи А.Қаҳҳорови Душанбе маҳдуд мегардад

Сар аз имрӯз, 12-уми апрел, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ ба муддати номуайян маҳдуд мегардад. Дар ин бора Фарҳод Муродов, масъули Раёсати сохтмон ва роҳсозӣ дар шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ин маҳдудият дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила ҷорӣ шуда, то кай идома […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Сар аз имрӯз, 12-уми апрел, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи А.Қаҳҳорови пойтахт то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ ба муддати номуайян маҳдуд мегардад. Дар ин бора Фарҳод Муродов, масъули Раёсати сохтмон ва роҳсозӣ дар шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ин маҳдудият дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила ҷорӣ шуда, то кай идома карданаш муайян нест.

“Бо сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи А.Қаҳҳоров, дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт марҳила ба марҳила (аз хиёбони С.Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ) маҳдудият ворид карда мешавад. Вале ин роҳҳо ҳамарӯза баста нахоҳанд монд ва фақат дар ҷойҳое басташавии роҳҳо ба миён меояд, ки таъмир идома дошта бошад”, – шарҳ дод масъули шаҳрдорӣ.

Фарҳод Муродов гуфт, дар сурати баста шудани қисме аз роҳи хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ ҳамзамон роҳҳои ҳамшафати он барои истифодаи сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод мешавад.

Аз ин рӯ, ин масъули шаҳрдории пойтахт аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш мекунад, ки бо назардошти муваққатан маҳдуд гардидани қисматҳои алоҳидаи роҳи мошингарди кӯчаи А.Қаҳҳоров талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.