Сардори қисми ҳарбие, ки дар он сарбозонро латукӯб карданд, боздошт шуд

Подполковник Нузхат Лазуриев, сардори қисми ҳарбие, ки латукӯби сарбозон дар ин қисми ҳарбӣ расонаӣ шуд, ба ҳабс гирифта шуда, нисбаташ барои аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳороти нав, шоми имрӯз, 25-уми апрел хабар дод. Изҳороти пешини ин […]

Asia-Plus

Подполковник Нузхат Лазуриев, сардори қисми ҳарбие, ки латукӯби сарбозон дар ин қисми ҳарбӣ расонаӣ шуд, ба ҳабс гирифта шуда, нисбаташ барои аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё бефаъолиятии ҳокимият парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон бо нашри як изҳороти нав, шоми имрӯз, 25-уми апрел хабар дод.

Изҳороти пешини ин ниҳод баъди зуҳри имрӯз аз сомона бардошта шуда, шоми имрӯз, 25-уми апрел изҳороти нав пахш гардид.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки “25 апрел бошад, нисбати сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ, подполковник Лазуриев Нузхат Хиззатович бо дастрасии моддаи 391 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда низ ба ҳабс гирифта шуд”.

Ин банди қонун аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ин ниҳод бори дигар аз боздошт ва ба ҳабс гирифтани гунаҳкорони ҳодиса хабар дода гуфтааст, ки “15 декабри соли 2022 хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии 0215 Кӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумхурии Тоҷикистон сержант Қосимзода Ҷ.А. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдаъватони худ – қаториҳо Азимов Ф.Б., Камолов А.Ш., Нозимов М.Б. ва Сайфуллоев Ҳ.Ҳ. қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон намуда, бо мақсади нишон додани бартарии худ ҳамхизматонашон сержанти хурд Мисиров М.С., қаториҳо Чориев Б.Т., Каримзода З.Р., Амиров Н.Ф. ва Мусоев А.Т.-ро мавриди лату кӯб қарор доданд”.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 24-уми апрели соли 2023 нисбати гунаҳгорони номбурда бо дастрасии моддаи 373 қисми 2 бандҳои "б,в" (вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар ин моддаи барои риоя накардани муносибатҳо тибқи оиннома ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 20 сол таҳдид мекунад.

Қобили зикр аст, ки пас аз нашри мавод дар шабакаҳо корбарони зиёд аз латукӯб ва бадрафторӣ дар сафи артиш ёдовар шуда, аз он бо шеваи тунд интиқод карданд ва аз мақомоти масъули кишвар дархост карданд, ки ҳодиса таҳқиқ гардида, гунаҳкорон муҷозот шаванд.

Ҳамчунин, аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб намуданд, ки минбаъд пеши роҳи меҳтарсолорӣ ва бадрафторӣ дар артиш гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Тибқи маълумоти гузориши ҳукумати Тоҷикистон, ки ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ фиристода шуд, аз соли 2019 то соли 2021 барои муносибатҳои берун аз оиннома, бадрафторӣ нисбати наваскарон ва аз ҳадди ваколатҳои худ баромадани афсарон дар артиши Тоҷикистон беш аз 100 нафар сарбоз ҳалок шудаанд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар гузориши чанде қабли худ хабар дод, ки тайи се соли ахир барои пинҳон кардани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ 639 нафар мансабдорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб шудаанд.

Навори шиканҷаи сарбозон аз сӯйи ҳамхидматонашон дар ҳоле паҳн мегардад, ки дар Тоҷикистон даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ идома дорад ва мақомот мегӯянд, вазъ дар артиш беҳтар шудаву теъдоди ихтиёриён бештар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.