Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Қазоқистон меравад

Рӯзҳои 3 – 4 май Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари давлатӣ ба давлати Қазоқистон сафар мекунад. Дар ин бора ба ОИ “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд. Тавре зикр карда шуд, зимни ин сафар ҷонибҳо дурнамои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард. Дар назар аст, ки дар доираи ин […]

Рӯзҳои 3 – 4 май Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари давлатӣ ба давлати Қазоқистон сафар мекунад. Дар ин бора ба ОИ “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд.

Тавре зикр карда шуд, зимни ин сафар ҷонибҳо дурнамои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногунро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар назар аст, ки дар доираи ин сафар ҳамоиши тоҷирони тоҷику Қазоқистон дар пойтахти ин кишвар шаҳри Остона низ баргузор шавад.

Ҳадаф аз ин чорабинӣ, ки дар Маркази Конгреси Остона баргузор мешавад, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи шарикони тиҷоратӣ миёни соҳибкорон хоҳад буд.

Ҳамчунин, дар ин намоиш намояндагони сохторҳои расмӣ ва ҳам тоҷирони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, дорусозӣ ва ғайра ширкат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.