Лоиқ Раҷабов муҳорибаи дуюми худро дар UFC мегузаронад

Размикори тоҷики ММА Лоиқ Раҷабов дар доираи Лигаи UFC дар қувваозмоии минбаъдаи худ бо варзишгари Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски рақобат мекунад. Муҳориба рӯзи 24 июн дар мусобиқаи UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) баргузор мешавад. Дар ин бора дар гурӯҳи Sport in Tajikistan дар саҳифааш дар «ВКонтакте» хабар дода мешавад. Ребетски 17 ғалаба ва […]

Размикори тоҷики ММА Лоиқ Раҷабов дар доираи Лигаи UFC дар қувваозмоии минбаъдаи худ бо варзишгари Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски рақобат мекунад. Муҳориба рӯзи 24 июн дар мусобиқаи UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) баргузор мешавад. Дар ин бора дар гурӯҳи Sport in Tajikistan дар саҳифааш дар «ВКонтакте» хабар дода мешавад.

Ребетски 17 ғалаба ва 1 бохт дорад. Ҳамчунин ӯ чанде қабл ба промоушени UFC дохил шуда, моҳи январи соли 2023 варзишгари ҷавони амрикоӣ Ник Фиориро мағлуб кард.

Ёдрас мекунем, ки рақобат дар кадри пешакии UFC 285 дар Лас-Вегас бо қарори доварон ба фоидаи Лоиқ Раҷабов анҷом ёфт. Ҳарифи ӯ варзишгари қаблан мағлубнашуда аз Аргентина Эстебан Рибович буд.

Дар муҳорибаи аввалини худ Лоиқ Раҷабов рекорди UFC-ро гузошт. Варзишгари тоҷик натанҳо аз рӯи холҳо ғолиб дониста шуд, балки аз рӯи тейкдаунҳо барои доваталаби вазни сабук ба рекорди промоушен ноил гардид: дар ҷараёни 3 раунд ӯ 11 маротиба ҳарифашро ба замин афтонд.

Айни замон Раҷабов 17 ғалаба, 4 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

Ёдрас мекунем, ки Лоиқ Раҷабов чанде пеш дар Душанбе барои ҳамаи хоҳишмандон машғулияти кушод (мастер-класс) гузаронид. Ӯ такроран симои Федератсияи ҳунарҳои омехттаи ҷангӣ байни дӯстдорон – «TAJMMAF» барои соли 2023 интихоб шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.