Моҳи май обуҳавои Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Дар Тоҷикистон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди 1-2 дараҷа болотар аз меъёр пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, аз обуҳавои абрноки тағйирёбанда, баъзан боридани борону раъду барқ ва жола интизорӣ меравад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Дар Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо 20-25 ва ноҳияҳои доманакӯҳ 17-19 […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди 1-2 дараҷа болотар аз меъёр пешбинӣ шудааст. Дар ҳамин ҳол, аз обуҳавои абрноки тағйирёбанда, баъзан боридани борону раъду барқ ва жола интизорӣ меравад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Дар Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо 20-25 ва ноҳияҳои доманакӯҳ 17-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳистони Ноҳияҳои тобеи марказ боришоти болотар аз меъёри иқлимӣ (меъёр 59-139 мм) пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Хатлон моҳи май ҳарорат дар водиҳо рӯзона 27-32 ва шабона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи боришот дар вилоят баъзан аз меъёр болотар мешавад (меъёр дар водиҳо 21-73 мм ва ноҳияҳои доманакӯҳ – 98-135 мм).

Дар баъзе рӯзҳо суръати вазиши шамол аз самти ғарб бо чангу ғубор то 15-20 метр дар як сония зиёд мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва баъзан болотар дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо 21-22 ва дар кӯҳҳо – 9-12 дараҷа гарм мешавад. Ҳарорат метавонад баъзан то 35 дараҷа гарм шавад. Шабона ҳарорат аз 9 то 18 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, дар шимоли кишвар миқдори боришот аз меъёр паст шуда, лекин дар баъзе рӯзҳо раъду барқу боридани борон ва дар ағбаҳо туман пешгӯӣ мешавад.

Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гармии каме зиёдтар аз меъёр – 12-15 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Давоми моҳ дар ВМКБ обуҳавои тағйирёбанда – рӯзона аз 15-20 то 23-28 ва шабона – аз 3-8 то 12 дараҷа гарм дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, моҳи май ба истиснои ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳии  тобеи марказ, дар ҷумҳурӣ миқдори боришот дар ҳудуди меъёр пешгӯӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.