Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи саноат

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 апрел муовини раиси ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Русия Денис Мантуровро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили мухталифи шарикии стратегии ду кишвар, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши саноат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 апрел муовини раиси ҳукумат, вазири саноат ва тиҷорати Русия Денис Мантуровро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масоили мухталифи шарикии стратегии ду кишвар, аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши саноат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, инчунин робитаи кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

“Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои кишварҳоро дар самтҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус саноат ва татбиқи лоиҳаҳои калони сармоягузорӣ, ҳамкории фаъол тавассути таъсиси паркҳои саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муҳокима карданд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамкорӣ дар бахши саноати маъдантозакунӣ, металлургия, коркарди нафт, техникаи электронӣ, саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, фарматсевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон аз самтҳои ояндадору судовари робитаҳо номида шуд.

Гуфта мешавад, таъсиси корхонаҳои муштараки саноати бофандагӣ, ташкили занҷираи ягонаи истеҳсолӣ, рушди бахши коркарди пахта, пӯст ва пашм бо ҷалби сармоя ва технологияи Русия зарур шумурда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.