“Баҳри Ватан ҷон дод”. Сардори шуъбаи амнияти шаҳри Хоруғ ҳангоми ҳимояи сарҳад кушта шуд

Шаби 28-уми апрел, зимни анҷом додани амалиëти махсус ва пешгирӣ намудани шикастани хати сарҳади давлатӣ хизматчии мақомоти амнияти миллӣ, сардори шуъбаи амнияти шаҳри Хоруғ, полковник Комрон Раҷабзода баҳри ҳимояи хоки Ватан ҷони худро қурбон намудааст. Дар ин бора рӯзномаи “Нигини Хоруғ” дар саҳифаи фейсбуки худ бо такя ба изҳори ҳамдардии МИҲД -и шаҳри Хоруғ хабар […]

Asia-Plus

Шаби 28-уми апрел, зимни анҷом додани амалиëти махсус ва пешгирӣ намудани шикастани хати сарҳади давлатӣ хизматчии мақомоти амнияти миллӣ, сардори шуъбаи амнияти шаҳри Хоруғ, полковник Комрон Раҷабзода баҳри ҳимояи хоки Ватан ҷони худро қурбон намудааст. Дар ин бора рӯзномаи “Нигини Хоруғ” дар саҳифаи фейсбуки худ бо такя ба изҳори ҳамдардии МИҲД -и шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.

“Марги нобаҳангоми ин ҷавонмарди ҷавонмарг барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва сокинони он низ талафоти бузург аст, зеро саҳми марҳум дар таъмини амну субот ва осудагии сокинони шаҳр ниҳоят бузург буд”, – истинод овардааст ин расона.

Қаблан АМИТ “Ховар” бо такя ба Маркази матбуоти Отряди сарҳадии “Хоруғ”-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон куштори як сарбози тоҷикро ҳангоми ҳифзи сарҳад тасдиқ карда, аммо тафсилоти бештар надода буд.

Ин расона навишт, ки шаби гузашта 8 нафар аъзоёни гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ сарҳади давлатии Тоҷикистонро дар минтақаи Хоруғ ғайриқонунӣ убур карда, ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик рӯбарӯ шудаанд. 3 нафар қочоқбар боздошт шуда, боқимонда ба самти Афғонистон фирор кардаанд.

“Мутаассифона, ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон як нафар хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расид”, – хабар дода буд АМИТ “Ховар”.

Бояд гуфт, ки ин ҳодисаи дуюми сарҳадшиканӣ давоми ду рӯзи охир аст. Субҳи имрӯз, 26-уми апрел, низ ду аъзои  ташкилоти байналмилалии террористӣ, ки бо мақсади анҷом додани амали террористӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштанд, аз ҷониби нерӯҳои тоҷик нобуд карда шуда, аз онҳо яроқу муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.