Роҳбари футболи Осиё Шайх Салмон ба Тоҷикистон омад

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халиф имрӯз, 28 апрел бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати КФО-ро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон – ноибони президент Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, дабири кулл Фурқат Аҳмедҷонов ва дабири кулли […]

Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халиф имрӯз, 28 апрел бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ин бора дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати КФО-ро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон – ноибони президент Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, дабири кулл Фурқат Аҳмедҷонов ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, роҳбари футболи Осиё дар ҷараёни сафари корӣ бо роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ анҷом дода, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ менамоянд.

Илова бар ин, рӯзи 2 май дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» Конгресси 8-уми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки дар он президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ширкат мекунанд.

Дар Конгресс президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказиро интихоб мекунанд. Роҳбари амалкунандаи Ассотсиатсия Рустами Эмомалӣ мебошад. Номзадии ӯ бори дигар ба вазифаи роҳбари CAFA барои давраи чор сол (2023-2027) баррасӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.