Оғози равуои автобусҳо аз Душанбе ба Хуҷанд ва Панҷакент

Аз 1 май равуои автобусҳо бо хатсайри Душанбе – Хуҷанд оғоз шуд. Ин хатсайр аз ҷониби Asian Express ҳанӯз моҳи апрел дар саҳифаи ширкат дар Фейсбук эълон шуда буд. Ба иттилои Sugdnews, хатсайри аввал аз Душанбе ба Хуҷанд рӯзи 1 май раҳсипор шуда, имрӯз, 2 май аз он ҷо бозпас бармегардад. Дар айни замон ширкат […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз 1 май равуои автобусҳо бо хатсайри Душанбе – Хуҷанд оғоз шуд. Ин хатсайр аз ҷониби Asian Express ҳанӯз моҳи апрел дар саҳифаи ширкат дар Фейсбук эълон шуда буд.

Ба иттилои Sugdnews, хатсайри аввал аз Душанбе ба Хуҷанд рӯзи 1 май раҳсипор шуда, имрӯз, 2 май аз он ҷо бозпас бармегардад.

Дар айни замон ширкат ба ин хатсайр 3 автобус ҷудо карда, ваобаста ба талабот ва сарборӣ дар хатсайр, шумори он кам ё зиёд карда хоҳад шуд.

Мувофиқи ҷадвал, ҳамарӯза автобуси ин хатсайр соати 8-и субҳ аз автовокзали Душанбе (Asian Express Terminal) ба Хуҷанд раҳсипор мешавад.

Аз Хуҷанд ба Душанбе бошад, автобус соати 07:00 аз автовокзали кӯҳна (маҳаллаи Пахтакор) ба роҳ мебарояд.

Дар роҳи сафар автобус дар ду мавзеъ – Ҳушёрӣ ва Шаҳристон таваққуф мекунад.

Арзиши билет ба як самт 85 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин равуои автобусҳо бо хатсайри “Душанбе – Панҷакент” низ барқарор шуда, нархи билет ба як самт ба 70 сомонӣ баробар аст.

То ин дам байни пойтахти кишвар ва шаҳри Хуҷанд автобусҳои мусофирбар равуо намекарданд. Asian Express соли гузашта як сафари озмоишӣ анҷом дод, аммо бо сабаби корҳои таъмир дар нақби “Истиқлол”, он боздошта шуд.

Қобили зикр аст, ки дар хатсайри Душанбе-Хуҷанд-Душанбе мусофирон танҳо аз таксӣ ва автомашинаҳои хусусӣ истифода бурда метавонистанд, ки арзиши сафар бо онҳо ба як самт аз 150 сомонӣ барои 1 нафар оғоз мегардад.

Ёдрас мекунем, ки «Asian Express» аз 11 апрел равуои автобусҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав роҳандозӣ намуд. Сафар бо автобуси бароҳати иборат аз 37 ҷойи нишаст тариқи ин хатсайр зиёда аз 66 соат вақтро дар бар мегирад.

Арзиши билет ба як самт – 1 200 сомонӣ. Автобусҳо бо ин хатсайр ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе соати 9:00 ба роҳ мебароянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.