Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш имрӯз гуфт, ки рӯзҳои наздик тафтиши парвандаи қатлу таҷовузи Руфейда Иноятова, духтараки ноболиғи 8-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба итмом мерасад ва ба додгоҳ ирсол мешавад.
Додситони кулл мегӯяд, ки дар мавриди ҳамаҷониба тафтиш шудани парванда дастури раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вуҷуд дорад ва парванда зери назорати "қатъии ман қарор дорад".
“Нисбати гумонбар, ки боздошт шудааст, бар асоси моддаи 104 қисми 2 (одамкушӣ) ва 138 қисми 3 (Таҷовуз ба номус) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст", – гуфт Юсуф Раҳмон.
Юсуф Раҳмон ба суоли хабарнигорон, дар мавриди ин ки оё алайҳи модари гумонбар, ки гуфта мешавад ҷинояти содиршударо пинҳон нигоҳ доштааст, парванда боз шудааст ё не, посух дод, ки "не".
Ҳодисаи қатл ва таҷовуси ин ноболиғ, ки рӯзи 4-уми июл рух дода буд, вокуниши густардае дар ҷомеаи Тоҷикистон дошт ва шаҳрвандони кишвар дар расонаҳо ва шабакаҳо хостори ҷазои сахту сангини гумонбари ин ҷинояти мудҳиш шуданд.
Бархе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо номи «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон» бар пайи ҳодисаи гӯшношуди таҷовуз ва қатли Руфайда Иноятоваи 8-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат карда буданд, ки 6-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.
Бо гузашти ҳамагӣ як рӯз, Маҷлиси миллӣ ба он вокуниш кард. Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо нашри як вокуниш ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба унвонии раиси ин палатаи болоии порлумон Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки маҷлис ин муроҷиатро баррасӣ кардааст.
Рустами Эмомалӣ бар пайи ин ҳодиса "Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати анҷом додани чорабиниҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва муайянсозии сабабу омилҳои ба содиршавии ин ҷинояти мудҳиш мусоидаткунанда тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешида, ҳарчи зудтар тибқи талаботи қонун шахсони ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд",-омада буд дар вокуниш.
Бояд гуфт, ки Руфейда Иноятова рӯзи 4-уми июл аз хона ба ҳоҷатхона (дар кӯча воқеъ аст) баромада бедарак шуда буд. Дар ин бора аммаи ӯ Саида Иноятова дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дода буд. Кормандони шуъбаи дуюми раёсати кофтукови ҷиноятиии ВКД Тоҷикистон, субҳи 6 июл гумонбари асосӣ дар қатли ваҳшиёнаи духтарчаро муайян ва дастгир кардаанд.
Баъди боздошт шудани гумонбар, ки аз он Раҳматулло Гадоев, ҳамсояи онҳо ном бурда мешавад, Саида Иноятова аммаи Руфейда бархе ҷузъиёти ҳодисаро расонаӣ карда буд, ки тибқи навиштаҳои ӯ, марди ҳамсоя, ки падари дугонаи Руфейда будааст, бо роҳи фиреб ноболиғро ба хона дароварда, таҷовуз карда, сипас духтаракро пора – пора намуда, узвҳои баданашро дар халтачаҳо алоҳида – алоҳида гирифта, ба ҳоҷатхона мепартояд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.