“Ба ваъдаи касе бовар накунед ва пул надиҳед”. Муроҷиати директори мактаби русӣ дар Душанбе ба сокинон

Владимир Гудков, директори мактаби русии Душанбе ба номи Ю.А.Гагарин бо нашри наворе аз сокинон хост, “ба ҳар гуна ваъдаҳои хайрхоҳон” бовар накунанд ва барои дохил шудани фарзандашон ба ин мактаб, ба касе пул надиҳанд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, директори мактаб таъкид мекунад, ки тамоми кушишҳои бо роҳҳои дигар ҳал кардани масъалаи […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Владимир Гудков, директори мактаби русии Душанбе ба номи Ю.А.Гагарин бо нашри наворе аз сокинон хост, “ба ҳар гуна ваъдаҳои хайрхоҳон” бовар накунанд ва барои дохил шудани фарзандашон ба ин мактаб, ба касе пул надиҳанд.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, директори мактаб таъкид мекунад, ки тамоми кушишҳои бо роҳҳои дигар ҳал кардани масъалаи дохил шудан ба мактаби мо на танҳо ноком хоҳад шуд, ҳамчунин, пайомади ҳуқуқӣ низ дорад.

“Мушоҳида мегардад, ки бархе волидон маъмурияти мактабро гунаҳгор дониста, норозигӣ баён мекунанд. Гӯё барои қабули фарзандон шахсони номаълум пул гирифта будаанд, ки ин далел тасдиқи худро наёфт”, – зикр мекунад директори мактаб.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар ин мактаби русӣ маъракаи қабули кӯдакон ба синфи 1 идома дорад. Соли гузашта даҳҳо нафар сокинони пойтахт аз шеваи қабули ин мактаб шикоят карда, назди мақомоти маорифи кишвар ва Сафорати Русия дар Душанбе адолатхоҳӣ карда буданд.

Навори мазкур зоҳиран бо назардошти мушкили соли гузашта пешомада таҳия ва паҳн гардидааст.

Директори мактаб ҳамчунин таъкид мекунад, ки дархостҳо ҷиҳати супоридани имтиҳони равоншиносӣ – педагогӣ, яъне қабули кӯдакон ба синфи 1, аз ҳазор гузаштааст. Дар ҳоле, ки роҳбарияти мактаб ният дорад имсол танҳо 120 нафарро ба синфи 1 қабул кунанд.

Владимир Гудков ба волидайн муроҷиат кардааст, ки ягона роҳи қабули фарзандашон ба мактаби русӣ гузаштан аз санҷиши равоншиносӣ – педагогӣ мебошад. Ба ин тариқ, сатҳи омодагии кӯдак ба барномаи таълимии мактаби русӣ муайян карда мешавад.

“Ҳар нафар метавонад ин санҷишро гузарад. Онҳое, ки холи баландтар мегиранд, ба мактаб қабул мешаванд ва ин ягона роҳи дохилшавӣ ба мактаб аст. Ба ваъдаи ҳар кас бовар накунед ва пул надиҳед”, – гуфтааст директори мактаби русӣ.

Ёдовар мешавем, мактаби русии Душанбе ба номи Ю.А.Гагарин яке аз панҷ мактаби навбунёд аст, ки аз ҷониби Русия дар Тоҷикистон сохта шуда, соли гузашта дари худро барои таҳсил боз кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.