Консерти пуршукӯҳи Юлдуз Усмонова дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе консерти пуршукӯҳи сарояндаи эстрадаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова доир мегардад. Билетҳоро метавон танҳо дар сомонаи ticketon.tj дастрас кард. Консерти ситораи санъати эстрадаи Ӯзбекистон рӯзи 22 май дар “Амфитеатр”-и пойтахт баргузор мешавад. Консерт ду соат давом мекунад. Созмондиҳандагони консерт огоҳ мекунанд, ки ба консерт танҳо пеш аз оғози он омадан мумкин аст. Баъди соати […]

Дар шаҳри Душанбе консерти пуршукӯҳи сарояндаи эстрадаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова доир мегардад. Билетҳоро метавон танҳо дар сомонаи ticketon.tj дастрас кард.

Консерти ситораи санъати эстрадаи Ӯзбекистон рӯзи 22 май дар “Амфитеатр”-и пойтахт баргузор мешавад. Консерт ду соат давом мекунад.

Созмондиҳандагони консерт огоҳ мекунанд, ки ба консерт танҳо пеш аз оғози он омадан мумкин аст. Баъди соати 18:00 бошад, даромадан манъ мешавад. Касоне, ки бо мошини шахсиашон меоянд, таваққуфгоҳи бепул дода мешавад.

Билетҳоро бо гузаштан ба ин суроға харидан мумкин аст.

Арзиши билетҳои консерт вобаста ба қатор аз 300 то 400 сомониро ташкил медиҳад.

Бепул даромадан бидуни ҷой танҳо ба кӯдакони синни то 3-сола иҷоза дода мешавад.

Юлдуз Усмонова овозхони эстрадаи Ӯзбекистон, оҳангсоз, продюсер ва Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Туркманистон ва Қазоқистон мебошад. Репертуари ӯ аз зиёда аз 600 суруд бо забонҳои гуногун, аз ҷумла ӯзбекиву тоҷикӣ, туркӣ, уйғурӣ, қазоқӣ, тоторӣ, русӣ форсӣ ва ғайра иборат аст. Ба ҷуз Ӯзбекистон, албомҳои таронаҳои ӯ дар Олмону ИМА, Англия, Туркия ва Голландия нашр шудаанд.

Бори аввал нест, ки Юлдуз Усмонова дар Тоҷикистон консерт мегузаронад ва ҳамеша ба ин консертҳо мухлисони серушумораш ҷамъ меоянд. Соли 2021 ӯ дар консерт бахшида ба дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иштирок кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.