Қариб 45 ҳазор дар се моҳ. Шаҳрвандии Русияро беш аз ҳама тоҷикон гирифтаанд

Аз давраи моҳи январ то марти соли 2023 аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, бармеояд аз омори ВКД Русия дар бораи вазъи муҳоҷират, менависад ТАСС. Бино ба маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-март зиёда аз 106 ҳазор нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ки 35 ҳазор нафар камтар нисбат ба соли пешин аст. Дар ҳамин […]

Аз давраи моҳи январ то марти соли 2023 аз ҳама бештар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, бармеояд аз омори ВКД Русия дар бораи вазъи муҳоҷират, менависад ТАСС.

Бино ба маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-март зиёда аз 106 ҳазор нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ки 35 ҳазор нафар камтар нисбат ба соли пешин аст.

Дар ҳамин давраи соли гузашта 141 ҳазору 663 нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифта буданд.

Тибқи маълумоти ВКД Русия, дар зарфи 3 моҳи соли 2023 дар бораи ба 44,9 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон додани шаҳрвандии Русия қарор қабул шудааст. Ин нишондиҳанда баландтарин дар давраи зикршуда аст.

Дар зинаҳои дуюму сеюм шаҳрвандони Украина (22 ҳазор) ва Арманистон (8,9 ҳазор) қарор доранд.

Ҳамчунин ба даҳгонаи аввал шаҳрвандони Қазоқистон (6,9 ҳазор), Қирғизистон (5,4 ҳазор нафар), Ӯзбекистон (4,7 ҳазор нафар), Озарбойҷон (3,7 ҳазор нафар), Молдова (3,1 ҳазор нафар), Беларус (2,4 ҳазор нафар) ва Туркманистон (912 нафар) дохил шудаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2022 теъдоди рекордии шаҳрвандони Тоҷикистон – 173 ҳазору 634 нафар ба шаҳрвандии Русия соҳиб шуда буданд.

Ин дар ҳоле, ки баъди оғози ҷанг дар Украина, барои шаҳрвандони Русия дар чандин кишварҳои дигар баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ гардид. Ҳамчунин, пас аз эълони сафарбарии ҳазорон нафар шаҳрвандони Русия тарки ватан карданд. Бо назардошти ин, таҳлилгарон тахмин мекарданд, ки тоҷикон аз гирифтани шаҳрвандии Русия худдорӣ хоҳанд кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.