Соли 2022 теъдоди рекордии тоҷикистониён шаҳрванди Русия шуданд

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2022 теъдоди рекордии тоҷикистониён – 173 ҳазору 634 нафар шаҳрванди Русия шудаанд. Гуфта мешавад, дар муқоиса бо соли 2021 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаи Русия гирифтаанд, 70 ҳазор нафар зиёд шудааст. Он замон 103 ҳазору 681 нафар ба шаҳрвандии Русия соҳиб шуда буданд. Агар шумори тоҷикистониёнеро, ки […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2022 теъдоди рекордии тоҷикистониён – 173 ҳазору 634 нафар шаҳрванди Русия шудаанд.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо соли 2021 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаи Русия гирифтаанд, 70 ҳазор нафар зиёд шудааст. Он замон 103 ҳазору 681 нафар ба шаҳрвандии Русия соҳиб шуда буданд.

Агар шумори тоҷикистониёнеро, ки дар соли 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, ба як соли тақвимӣ тақсим кунем, маълум мешавад, ки ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 476 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрванди Русия шудаанд.

Дар дарёфти шаҳрвандии Русия байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Тоҷикистон пешсафанд.

Дар соли 2022 ба сурати умум 691 ҳазору 45 нафар хориҷиён шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Дар панҷгонаи кишварҳое, ки сокинони онҳо шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, Тоҷикистон дар мақоми дуюм қарор дорад.

Зинаи аввалро Украина – 296 ҳазору 901 нафар, зинаи сеюмро Арманистон – 45 ҳазору 86 нафар, мақоми чорумро Қазоқистон – 42 ҳазору 10 нафар ва ҷойи панҷумро Ӯзбекистон – 27 ҳазору 220 нафар ишғол кардаанд.

Ҳамчунин тибқи маълуомти ВКД Русия, 121 ҳазору 122 шаҳрванди Тоҷикистон Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дар Русияро доранд ва ин маънои онро дорад, ки то шаҳрванди Русия шудани онҳо як қадами дигар мондааст ва ба гумони ғолиб, соли 2023 онҳо ба шаҳрвандии Русия соҳиб мешаванд.

Боз 47 ҳазору 987 нафар тоҷикистониён дорои Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) мебошанд, ки қадами аввал барои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.