“Уралские авиалинии” пас аз танаффуси сесола парвозҳоро аз Уфа ба Хуҷанд аз сар гирифт

Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" ҷадвали парвозҳо аз шаҳри Уфаи Русия ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро ҳафтае як маротиба (рӯзҳои душанбе) аз сар мегирад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз КВД «Тоҷикаэронавигатсия». Манбаъ гуфт, нахустин парвоз шаби 8 ба 9-уми май сурат мегирад. Ҳавопаймои Airbus A320 соати 1-и шаб аз Уфа ба Тоҷикистон меояд ва соати 2:35 аз Хуҷанд ба […]

Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" ҷадвали парвозҳо аз шаҳри Уфаи Русия ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистонро ҳафтае як маротиба (рӯзҳои душанбе) аз сар мегирад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз КВД «Тоҷикаэронавигатсия».

Манбаъ гуфт, нахустин парвоз шаби 8 ба 9-уми май сурат мегирад. Ҳавопаймои Airbus A320 соати 1-и шаб аз Уфа ба Тоҷикистон меояд ва соати 2:35 аз Хуҷанд ба Уфа парвоз хоҳад кард.

Маблағи чиптаҳои рафту омад 3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад: аз Уфа ба Хучанд 1 ҳазору 30 сомонӣ ва аз Хучанд то Уфа 1 ҳазору 970 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" дар давраи пандемияи коронавирус баъзе парвозҳо аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷонро лағв карда буд. Дар ин рӯйхат парвозҳо ба самти Уфа-Хуҷанд низ буданд.

Чиптаҳоро метавон аз сомонаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ харидорӣ кард ва ё тавассути кассаҳои фурудгоҳи Уфа, тавассути телефонҳои +7 (347) 229-57-72, +7 (347) 229-56-23, +7 (347) 229-58 -89 фармоиш диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.