Имзои созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ITFC ба маблағи 100 млн доллар

Тоҷикистон барои пешбурди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ба маблағи умумии 100 млн доллари ИМА созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ин созишнома рӯзи 12 май миёни Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон барои пешбурди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ бо Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ба маблағи умумии 100 млн доллари ИМА созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ин созишнома рӯзи 12 май миёни Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Ҳани Салем Сонбол, роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ба имзо расидааст.

Аз вазорат гуфтанд, Завқӣ Завқизода имкониятҳои зиёди сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии кишварро муаррифӣ намуда, аз роҳбари Корпоратсия дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ маблағгузориро зиёд намояд.

Дар навбати худ Ҳани Салем Сонбол омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои зикршуда, инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда баён намудааст.

“Дар доираи мулоқоти мазкур байни Вазири рушди иқтисод ва савдо бо роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ ба маблағи умумии 100 миллион доллари ИМА Созишномаи ҳамкорӣ барои самтҳои зикргардида ба имзо расонида шуд”, – гуфтанд дар вазорат.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 182 млн доллар дар Тоҷикистон татбиқ шуда, айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 млн. доллар амалӣ мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио