Тарғиби саломатӣ бо дучарха. Духтуре дар Ҷайҳун бо дучарха ба табобати аҳолӣ мешитобад

«Ман қаблан боварӣ доштам, ки фақат коршиносони баландихтисоси саломатии модарон метавонанд вобаста ба ҳимояи тиббӣ роҳнамоӣ кунанд. Бо вуҷуди ин, пас аз иштирок дар якчанд омӯзишҳои лоиҳаи USAID «Модари солим, кӯдаки солим» ман тавонистам огоҳии модарони ҷавон ва аҳли оилаи онҳоро барои таъмини нигоҳубини мувофиқ ва некӯаҳволии умумии модарон ва кӯдакон дар ноҳияи худам баланд […]

Маводи шарикон

«Ман қаблан боварӣ доштам, ки фақат коршиносони баландихтисоси саломатии модарон метавонанд вобаста ба ҳимояи тиббӣ роҳнамоӣ кунанд. Бо вуҷуди ин, пас аз иштирок дар якчанд омӯзишҳои лоиҳаи USAID «Модари солим, кӯдаки солим» ман тавонистам огоҳии модарони ҷавон ва аҳли оилаи онҳоро барои таъмини нигоҳубини мувофиқ ва некӯаҳволии умумии модарон ва кӯдакон дар ноҳияи худам баланд бардорам», – мегӯяд доктор Хуршед Хоҷаев, корманди тиббии 48-солаи деҳаи Маъмурободи ноҳияи Ҷайҳуни Тоҷикистон.

Доктор Хуршед умри худро барои беҳбудии саломатии ҷомеа бахшидааст. Вай бо дучархаи худ ба деҳаи ҳамсоя меравад, то хизматрасониҳои тиббӣ, аз қабили машваратҳои саривақтӣ, навиштани роҳхат ба хизматрасониҳои тиббӣ, расонидани кӯмаки аввалини тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи саломатии модару кӯдакро анҷом бидиҳад. Дар тӯли ин солҳо Хуршед барои мардум на танҳо корманди соҳаи тиб, балки як узви оилаи онҳо гаштааст.

Дар соли 2021 доктор Хуршед ҳамкориро бо лоиҳаи «Модари солим, кӯдаки солим»-и USAID оғоз кард. Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа таҳкими робита байни кормандони соҳаи тиб ва ҷомеа тавассути баланд бардоштани уҳдадорӣ ва масъулияти онҳо барои саломатии худ ва оилаҳояшон мебошад.

Дар соли аввали ҳамкорӣ бо лоиҳаи мазкур, Хуршед ҳамчун фасилитатор оғоз намуда, оид ба татбиқи услуҳо ва малакаҳои сафарбаркунии ҷомеа, таҳкими ҳамкорӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилот ва малакаи банақшагириро омӯхт.

Бо назардошти паст будани огоҳӣ ва дониши занону кӯдакон дар бораи нигоҳ доштани саломатии худ дар деҳот кор кардан осон набуд. Аммо, ҳангоме доктор Хоҷаев бо лоиҳаи «Модари солим, кӯдаки солим» ҳамкориро шурӯъ кард, ӯ дарк кард, ки сарфи назар аз таҷриба, маълумоти тиббӣ ва малакааш, кӯшиши ӯ ҳамчун корманди соҳаи тиб маҳдуд аст.

Тавассути иштирок дар фаъолиятҳои Дастаи Ҷомеавии Саломатӣ, ки ба беҳтаргардонии солимӣ ва ғизогирии модару кӯдак тариқи татбиқи дониш, таҷриба ва истифодаи усулҳои тағйироти рафтори иҷтимоӣ равона шудааст, ӯ дарк кард, ки масъулиятро барои беҳбудии саломатии ҷомеаи худ ба дӯш бояд гирифт.

Доктор Хуршед боварманд аст, ки тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст ва ёрии саривақтии тиббӣ барои нигоҳ доштани саломатӣ аҳамияти бузург дорад. Ҳамин тариқ, вай бо дучархаи худ ба деҳаҳо меравад, то тарзи фикрронӣ ва рафтори ҷомеаро дар бораи саломатӣ тағйир диҳад.

«Набераи дусолаам худро воқеан нотавон ҳис мекард ва ман ба духтур Хуршед муроҷиат намудам, то сабабашро бипурсам. Доктор машварат дод, ки фарзанди ман нишонаҳои камхунӣ дорад ва бояд ғизои солим ва аз витамин бой истеъмол намояд”, – мегӯяд Ҳанифа Назарова, яке аз сокинони маҳалла.

Хуршед Хоҷаев баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи саломатии модару кӯдак ва ғизо, равонасозии саривақтиро ба муассисаи тиббӣ идома медиҳад.

«Пеш аз ҳамкорӣ бо лоиҳаи USAID «Модари солим, кӯдаки солим», ман дар бораи нигоҳубини модар ва кӯдак нигарониҳои зиёде доштам, аммо аҳамияти тағйир додани рафтори волидон ва оилаҳоро нодида мегирифтам. Имрӯз ман барои афзудани сатҳи огоҳӣ ва дониш ва малакаи ҷомеа оид ба солимӣ ва беҳдошти модару кӯдак ва ғизои солим мусоидат мекунам ва итминон дорам, ки он аз табобати бемориҳо муҳимтар аст», – иброз дошт доктор Хуршед Хоҷаев.

Малакаҳои техникӣ, идоракунӣ ва сафарбаркунии ҷомеа ба доктор Хуршед Хоҷаев имкон дод, ки ба 67 корманди тиб ҳамчун фасилитатори аъзоёни дастаи ҷомеавии саломатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун таълим бидиҳад. Ҳоло ӯ стандартҳо ва равишҳои навро бо истифода аз таҷрибаҳои замонавӣ татбиқ намуда, ҷомеаро ташвиқ мекунад, то барои саломатӣ ва тарзи ҳаёти солим масъулияти бештар ҳис кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио