Amnesty International: соли 2022 ҳукми қатл дар ҷаҳон нисбати 883 нафар иҷро шудааст

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) ё худ Афви Байнулмилал хабар дод, ки соли гузашта дар кишварҳои гуногун 883 ҳукми қатл ба иҷро расонида шудааст. Ин маълумот дар гузориши ҳамасолаи “Авфи байнулмилалӣ” рӯзи сешанбе, 16 май нашр шудааст. Тибқи маълумоти Amnesty International, ки далелҳои истифодаи ҳукми қатлро ҳисоб мекунад, ба теъдоди кушташудагон “ҳазорон” нафарони […]

Asia-Plus

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International (AI) ё худ Афви Байнулмилал хабар дод, ки соли гузашта дар кишварҳои гуногун 883 ҳукми қатл ба иҷро расонида шудааст. Ин маълумот дар гузориши ҳамасолаи “Авфи байнулмилалӣ” рӯзи сешанбе, 16 май нашр шудааст.

Тибқи маълумоти Amnesty International, ки далелҳои истифодаи ҳукми қатлро ҳисоб мекунад, ба теъдоди кушташудагон “ҳазорон” нафарони ба марг маҳкумшуда дар Чин, ки он ҷо омори қатлҳо махфӣ аст, дохил намешаванд.

Дар гузориш зикр мешавад, ки соли гузашта дар Арабистони Саудӣ танҳо дар як рӯз  нисбати 81 нафар ҳукми қатл иҷро шудааст. Ин рақам дар санад "ҳайратовар" номида мешавад.

Тайи солҳои ахир Чин маъмулан дар радабандиҳои ҷаҳонӣ пешсаф аст. Дар зинаҳои баъдӣ Эрон (576 иҷрои ҳукми қатл), Арабистони Саудӣ (196 – зиёдтар аз ҳар як сол дар давоми 30 сол), Миср (24) ва ИМА (18) қарор гирифтаанд.

Гуфта мешавад, ҳукмҳои қатл ба таври густарда дар Кореяи Шимолӣ ва Ветнам содир шуда, ба мисли Чин омори ин далелҳо махфианд.

Ҳиссаи нисбатан назарраси иҷрои ҷазои ҳукми қатл ба маҳкумшудагон барои хариду фурӯши маводи нашъаовар ва дигар ҷиноёти марбут ба нашъамандӣ рост меояд. Масалан, соли 2022 дар Сингапур барои ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар нисбати 11 кас ҳукми қатл ба иҷро расидааст.

Дар Тоҷикистон аз соли 2005 ба истифодаи чунин ҷазо моратория ҷорӣ шудааст.

Моҳи октябри соли 2020 мо дар кӯчаҳои Душанбе як назарпурсӣ гузаронидем ва дар ҷараёни он аксари мардум аз ин қарор ҷонибдорӣ карданд. Чаро тоҷикон мухолифи ҷазои қатл ҳастанд ва дар кадом ҳолатҳои истисноӣ ба истифодаи он иҷозат медиҳанд? Ба гузориши видеоии мо таваҷҷуҳ кунед:

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.