Чин барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 3,7 млрд доллар сармоя ҷудо мекунад

Си Ҷинпин, раиси Чин гуфтааст, ки кишвараш барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо ва татбиқи барномаю лоиҳаҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 26 миллиард юан (3,7 млрд доллар) ҷудо хоҳад кард. Ӯ ин нуктаро имрӯз дар дар шаҳри Сиани Чин, зимни кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” дар ҷараёни суханрониаш иброз намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти […]

Asia-Plus

Си Ҷинпин, раиси Чин гуфтааст, ки кишвараш барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо ва татбиқи барномаю лоиҳаҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 26 миллиард юан (3,7 млрд доллар) ҷудо хоҳад кард.

Ӯ ин нуктаро имрӯз дар дар шаҳри Сиани Чин, зимни кори Саммити якуми сарони кишварҳои “Чин-Осиёи Марказӣ” дар ҷараёни суханрониаш иброз намудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ дар ин саммит иштирок ва суханронӣ кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон мавқеи устувори Тоҷикистонро дар роҳи мустаҳкам кардани ҳамкории гуногунҷанба дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Чин-Осиёи Марказӣ” ҷиҳати таъмини амну субот, таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор таъйид кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, ки буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва иқтисодию молиявӣ, инчунин пандемияи короновирус ва тағйирёбии иқлим ба талошҳои кишварҳо дар самти рушди устувор, таъсири манфӣ мерасонад.

“Рушди ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сармоягузорӣ ва тиҷорат фаъол карда шавад”, – пешниҳод кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта мешавад дар кори ҳамоиш имкониятҳо дар самти тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Чин дар соҳаҳои кишоварзӣ, рақамикунонӣ, инноватсия ва “технологияи сабз”, бахши гидроэнергетика ва дигар бахшҳои судовар таъкид гардид.

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба масъалаи тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ишора кардааст.

Бояд гуфт, ки аз руи натиҷаи кори Саммити якуми “Чин-Осиёи Марказӣ”  Эъломияи Сиан қабул гардид, ки дар он масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва самтҳои асосии ҳамкориҳо байни кишварҳои ин ҳамоиш дарҷ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.