Дар шимоли Тоҷикистон нисбат ба хукпарвар барои ифлоскунии экология ду парвандаи ҷиноятӣ боз шуд

Дар шимоли Тоҷикистон нисбат ба соҳибкор, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Я.Темиров барои ифлоскунии экология ва оби Сирдарё ду парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, хабар медиҳад Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд. Зимни рейди ҳафтаи гузашта кормандони шуъбаи ҳифзи захираҳои оби раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва кормандони прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров далелҳои ифлоскунии сарчашмаҳои табиӣ […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар шимоли Тоҷикистон нисбат ба соҳибкор, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Я.Темиров барои ифлоскунии экология ва оби Сирдарё ду парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, хабар медиҳад Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд.

Зимни рейди ҳафтаи гузашта кормандони шуъбаи ҳифзи захираҳои оби раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва кормандони прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров далелҳои ифлоскунии сарчашмаҳои табиӣ – замину обро аз партовҳои фермаи хукпарварӣ воқеъ дар деҳаи Боғи болои ҷамоати деҳоти Ёва ошкор намуданд.

Ферма ба Темиров тааллуқ дорад. Нисбати ӯ аз ҷониби прокуратураи ноҳия мутобиқи моддаҳои 226 (Ифлос кардани об) ва 228 (Хароб кардани замин)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар моддаи якум корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 140 то 340 соат ё ҷарима ба андозаи то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда 68 сомонӣ) ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 2 сол ё маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин муҳлат ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи дуюм ҷарима ба андозаи аз 500 то 800 нишондиҳанда барои ҳисобҳо  ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 2 сол  ҷазо муқаррар шудааст.

Мувофиқи қонун “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, соҳибкор ба нафъи давлат 11 ҳазору 263,94 сомонӣ ҷарима пардохт кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.