Муҳаммад Наимов чаҳорумин намояндаи Тоҷикистон дар UFC шуд

Размикори тоҷики ММА Муҳаммад Наимов ҷаҳорумин намояндаи UFC аз Тоҷикистон шуд: пеш аз ӯ Нурулло Алиев, Лоиқ Раҷабо ва Муин Ғафуров ба чунин ҳуқуқ соҳиб шуда буданд. Дар ин бора дар Инстраграми худ Брайан Батлер, менеҷери размикори тоҷик хабар дод. Муҳаммад Наимов ҳанӯз соли 2020 мебоист аввалин размикор аз Тоҷикистон дар UFC мешуд. Лекин дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Размикори тоҷики ММА Муҳаммад Наимов ҷаҳорумин намояндаи UFC аз Тоҷикистон шуд: пеш аз ӯ Нурулло Алиев, Лоиқ Раҷабо ва Муин Ғафуров ба чунин ҳуқуқ соҳиб шуда буданд. Дар ин бора дар Инстраграми худ Брайан Батлер, менеҷери размикори тоҷик хабар дод.

Муҳаммад Наимов ҳанӯз соли 2020 мебоист аввалин размикор аз Тоҷикистон дар UFC мешуд.

Лекин дар мусобиқаи Дана Уайт Муҳаммад бо қарори якдилонаи доварон қувваозмоиро ба Колин Энглин бохт.

Пас аз имзои қарордод бо UFC Муҳаммад Наимов қувваозмоии аввалини худро дар лигаи ин ташкилот шаби 3 ба 4 июн дар Лас-Вегас бо размикори австралиягӣ Ҷейми Малларки доир мекунад.

Малларки 16 пирӯзиву 5 бохт ва Муҳаммад 8 ғалабаву 2 бохт доранд.

Ҳар ду варзишгар 28-солаанд, вале размикори тоҷик 4 кило сабуктар аст – Малларки 70 ва Наимов – 66 кило мебошад.

Дарозии қади Наимов 175 ва Малларки – 183 см аст.

Дар ҳамин ҳол, боз як размикори UFC Муин Ғафуров низ шаби 4 июн дар яке аз мусобиқаҳои ин ташкилот бори аввал рақобат мекунад.

Муин Ғафурови 27-сола 18 пирӯзӣ дошта, дар 4 қувваозмоӣ ба шикаст дучор шудааст. Ӯ бо Ҷон Кастанедаи 31-солаи амрикоӣ (бо лақаби “Секси Мекси”) қувваозмоӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.