Тағйири қонун дар бораи нафту газ ба афзоиши истихроҷи онҳо мусоидат мекунад?

Чизи муҳим дар ин ҷо васеъ шудани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафту газ, бартараф намудани мухолифату камбудиҳо дар қонунгузории амалкунанда, инчунин истифодаи баъзе истилоҳу ифодаҳо бо назардошти услуби ягонаи забони давлатӣ мебошад. Васеъ шудани ваколатҳои мақомоти давлатии салоҳиятдор дар соҳаи нафту газ дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мувофиқи қонун ифода меёбанд. Ба иттилои нашрияи “Садои […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Чизи муҳим дар ин ҷо васеъ шудани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нафту газ, бартараф намудани мухолифату камбудиҳо дар қонунгузории амалкунанда, инчунин истифодаи баъзе истилоҳу ифодаҳо бо назардошти услуби ягонаи забони давлатӣ мебошад.

Васеъ шудани ваколатҳои мақомоти давлатии салоҳиятдор дар соҳаи нафту газ дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мувофиқи қонун ифода меёбанд.

Ба иттилои нашрияи “Садои мардум”, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни суханронӣ назди вакилони парлумон дар ин робита изҳор намуд, ки ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ “Дар бораи нафту газ” иқдоми саривақтист.

Ба гуфтаи вазир, қонуни амалкунанда 18 марти соли 2015 қабул шуда, бо мурури замон ва шароитҳои тағйирёбанда зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он ба миён омад. Ин тағйироту иловаҳо барои рушди соҳаи нафту газ муҳити мусоид фароҳам меоранд.

“Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли нафт ва истифодаи маҳсулоти нафтӣ аз даврони шӯравӣ ба роҳ монда, то имрӯз 25 кони нафту газдор мавриди истифода қарор дода шудааст, – гуфт Далер Ҷумъа. – Замони шӯравӣ иқтидори солонаи истихроҷи нафт то ба 400 ҳазор тонна расида буд. Алҳол конҳои нафту газ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд ва истихроҷи он ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, ки ҳамагӣ 25 ҳазор тоннаро дар бар мегирад”.

Вазири энергетика зикр кард, ки барои зиёд намудани истихроҷ таъмиру барқароркунии чоҳҳои аз эътибор соқитшуда ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, имрӯз зарурати бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ ба истифода додани майдонҳои нав ба миён омадааст.

“Дар ин замина, бо кӯшиши вазорат барои ҷалби шарикони хориҷӣ корҳо ҷоннок карда шуда истодаанд. Конҳои нафту газ дар баробари дигар сарватҳои зеризаминӣ моликияти истисноии давлат ба шумор рафта, вобаста ба шартҳои иҷозатнома метавонад ба таври иҷора ба шахсони хуқуқӣ ва воқеӣ барои истифода дода шавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур барои истифодаи захираҳои нафту газ ва маҳсулоти он равона шуда, фаъолияти истифодабарандагонро новобаста аз шакли моликияташон, ки дар соҳаи нафт ва газ фаъолият доранд, танзим менамояд”, – таъкид дошт Далер Ҷумъа.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи нафту газ» дар таҳрири нав барои пешравии соҳа ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми босазо хоҳад гузошт.

Тиӣқи пешгӯиҳои Вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ният доранд, ки ҳаҷми истихроҷи нафтро аз 25 ҳазор тоннаи ҳозира то 27,3 ҳазор тонна дар соли 2025 ва газро – аз 810 ҳазор метри мукааб то 1 млн 131 ҳазор метри мукааб расонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.