Ислом Махачев меҳмонии фахрии Гран-прии ҷудои Душанбе

Размикори ММА, қаҳрамони UFC Ислом Махачев меҳмони фахрии мусобиқаи Гра-прии ҷудои Душанбе-2023 шуд. Ӯ бо даъвати роҳбари Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ба Тоҷикистон омад. Тибқи маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ, размикори Русия аллакай фурсат ёфт, ки дар канори шаҳри Душанбе аспдавонӣ карда, шабона дар шаҳри Душанбе сайругашт кунад ва аз меҳмоннавозии тоҷикон лаззат барад. Ислом Махачев […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Размикори ММА, қаҳрамони UFC Ислом Махачев меҳмони фахрии мусобиқаи Гра-прии ҷудои Душанбе-2023 шуд. Ӯ бо даъвати роҳбари Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир ба Тоҷикистон омад.

Тибқи маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ, размикори Русия аллакай фурсат ёфт, ки дар канори шаҳри Душанбе аспдавонӣ карда, шабона дар шаҳри Душанбе сайругашт кунад ва аз меҳмоннавозии тоҷикон лаззат барад.

Ислом Махачев размикори Русия дар муҳорибаҳои омехтаи ҷангӣ аз Доғистон мебошад. Ӯ зери сарпарастии UFC дар вазни сабук ҳунарнамоӣ мекунад. Қаҳрамони амалкунандаи UFC дар вазни сабук аст.

Ёдрас мекунем, ки мусобиқаи Гра-прии ҷудои Душанбе-2023 имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардида, то 4 июн давом мекунад.

Рӯзи аввали мусобиқа имрӯз шурӯъ шуда, 12 варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд.

Варзишгарон дар вазнҳои то 60 ва 66 кг байни мардон ва то 48, 52 ва 57 кг миёни занон қувваозмоӣ мекунанд.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор евроро ташкил медиҳад:

– Ҷойи 1-ум – 3000 евро (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600);

– Ҷойи 2-юм – 2000 евро (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400);

– Ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 евро (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).

Ган-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, холҳои гирифтаи варзишгарон ба рейтинг дохил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.