Арзиши футболбозони Тоҷикистон 1,45 млн евро боло рафт

Портали олмонии Transfermarkt нархи умумии бозингарони мунтахаби футболи Тоҷикистонро 6,73 млн евро арзёбӣ кард. Ин рақам 1,45 млн евро зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст, ки он вақт футболбозони тими миллии Тоҷикистон 5,28 млн евро нархгузорӣ шуда буданд. Гаронтарин футболбозони мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари тими "ЦСКА-1948"-и Булғористон ва Алишер Ҷалилов, бозингари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Портали олмонии Transfermarkt нархи умумии бозингарони мунтахаби футболи Тоҷикистонро 6,73 млн евро арзёбӣ кард.

Ин рақам 1,45 млн евро зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст, ки он вақт футболбозони тими миллии Тоҷикистон 5,28 млн евро нархгузорӣ шуда буданд.

Гаронтарин футболбозони мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев, нимҳимоятгари тими "ЦСКА-1948"-и Булғористон ва Алишер Ҷалилов, бозингари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе мебошанд, ки нархи ҳар кадоме аз онҳо дар бозор 650 ҳазор евро арзёбӣ мешавад.

Байни дастаҳои аъзои Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) гаронтарин дастаи мунтахаб Эрон дониста шуда, коршиносони олмонӣ арзиши умумии онро 65,45 млн евро муайян кардаанд. Аз рӯи арзиши бозингарон мунтахаби Эрон дар ҷаҳон зинаи 57-ум ва дар қораи Осиё – мақоми 3-юмро ишғол мекунад.

Мунтахаби футболи Ӯзбекистон 30,80 млн евро арзёбӣ шуда, аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон дар мақоми 71-ум ва дар Осиё – дар зинаи 5-ум қарор гирифтааст.

Тибқи фарзияи Transfermarkt, мунтахабҳои боқимондаи минтақа, аз ҷумла тими миллии Тоҷикистон ба садгонаи аввал (ТОП-100)-и дастаҳои арзишашон нисбатан гарон дохил нашудаанд. Портал мунтахаби футболи Қирғизистонро 8,03 млн, Афғонистонро – 2,01 млн ва Туркманистонро – 1,90 млн евро арзёбӣ кардааст.

Дастаи Қазоқистон, ки ба фарқ аз дигар тимҳои минтақа дар УЭФА бозӣ мекунад, 19 млн евро нархгузорӣ шудааст.

Гаронтарин мунтахаби футболи ҷаҳон Англия дониста шудааст, ки арзиши футболбозони он то 1,17 млрд евро расидааст. Ба сегонаи аввали гаронтарин мунтахабҳои футбол ҳамчунин Фаронса (1,14 млрд евро) ва Португалия (925,50 мл евро) шомил шудаанд. Чемпиони амалкунандаи ҷаҳон – Аргентина дар зинаи 7-ум (645 млн евро) қарор дорад.

Миёни дастаҳои кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) зинаи аввалро аз лиҳози арзиши футболбозон мисли пешина Украина (259 млн евро ва мақоми 21-ум дар ҷаҳон) ишғол мекунад.

Дар қораи Осиё гаронтарин дастаи мунтахаби футбол Ҷопон арзёбӣ шудааст, ки бозингаронаш дар умум 179,50 млн евро нарх дошта, аз рӯи ин нишондиҳанда даста дар ҷаҳон мақоми 32-юмро касб мекунад.

Футболбозони мунтахаби Русия, ки айни замон зери таҳримҳо қарор дорад, 148,90 млн евро арзёбӣ шуда, аз рӯи ин нишондиҳанда мақоми 36-умро дар ҷаҳон ишғол кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.