Расулзода: “Тоҷикистон ба афзоиши содироти мол ба кишварҳои ИИАО омода аст”

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 8 июн дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар Сочи изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори афзоиши ҳаҷми гардиши моли хориҷӣ бо ҳамаи кишварҳои Иттиҳод (Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон) аст. Қоҳир Расулзода дар ин ҷаласа ба сифати меҳмони даъватшуда ширкат варзид. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бо кишварҳои узви […]

Asia-Plus

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 8 июн дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар Сочи изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори афзоиши ҳаҷми гардиши моли хориҷӣ бо ҳамаи кишварҳои Иттиҳод (Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон) аст. Қоҳир Расулзода дар ин ҷаласа ба сифати меҳмони даъватшуда ширкат варзид.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳод равобити наздики тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

«Дар гардиши савдои хориҷии кишвар дар соли 2022 ҳиссаи савдо бо кишварҳои узви ИИАО 42 фоизро ташкил дод, – гуфт ӯ. – Гузашта аз ин, мо қариб нисфи ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро ба кишварҳои узви Иттиҳод содир менамоем ва омода ҳастем, ки минбаъд содироти маҳсулоти кишоварзӣ, пахта, металлҳои ранга ва нодирро ба кишварҳои ИИАО зиёд кунем».

Аммо Расулзода иқтидори маҳдуди гузаргоҳҳои марзӣ миёни кишварҳоро монеа дар роҳи интиқоли маҳсулот ба кишварҳои ИИАО номид. Вай аз зарурати содда ва ҳамоҳангсозии расмиёт ва талаботҳои марбут ба ҳамлу нақли байналмилалии бор ва рушди рақамисозии амалиёти нақлиётию логистикӣ ҷонибдорӣ кард.

Сарвазири Тоҷикистон бахши кишоварзиро яке аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё арзёбӣ кард.

«Тоҷикистон барои парвариши маҳсулоти кишоварзии хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тоза, ки афзоиши солонаи он на камтар аз 8 фоизро ташкил медиҳад, имкони бузург дорад, ки ба густариши иқтидори содиротии кишвар мусоидат мекунад», – гуфт ӯ.

Аммо мушкили расмиёти сабти ном ва масъалаҳои ҳамлу нақл ва сертификатсияи дугона монеаи ҷиддӣ дар роҳи интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳод мебошад.

Ёдрас мекунем, ки дар Сочи рӯзи 8 июн ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ва сипас Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё баргузор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.