Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад

Дар вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷанубу-ғарб дар ноҳияҳои алоҳида то 15-20м/с дар назар буда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон. “Рӯзҳои 24-25 июн дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб, Ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ҷанубу-ғарб дар ноҳияҳои алоҳида то 15-20м/с дар назар буда, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

“Рӯзҳои 24-25 июн дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб, Ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу-ғарбӣ, ба кишвар ворид мегардид), баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешбинӣ мешавад”, – омадааст дар хабари обуҳавошиносон.

Ҳамчунин гуфта мешавад, рӯзҳои 23-24 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарби ВМКБ ба амал омадани зуҳуроти сели пиряхӣ пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеи марказ ба амал омадани зуҳуроти сели хусусияти маҳаллӣ дошта аз эҳтимол дур нест.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти таҳқиқоти гурӯҳҳои коршиносон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, қаъри хушкшудаии баҳри Арал, биёбонҳои Қароқум ва Қизилқум манбаи асосии тундбоди регу чангу хоканд, ки ба экологияи Точикистон тахдид мекунанд.

Тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон аз Афғонистон ҳам меояд. Боз манбаъҳои маҳаллии тӯфонҳои қум ва чанг вуҷуд доранд. Онҳо дар ҷанубу ғарби мамлакат дар мавзеъҳои резишгоҳи дарьёҳои Вахш ва Кофарниҳон, инчунин ба резишгоҳи миёнаи дарьёи Сир, ки аз он ҷо ба “Баҳри тоҷик” ҷорӣ мешавад, алоқаманданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.