ВКД муноқишаи наврасон ва марги як нафарро дар Душанбе шарҳ дод

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” ҷузъиёти муноқиша байни ду гурӯҳи наврасонро, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохтааст, шарҳ дод. Барномаи мазкур шоми 21-уми июн пахш шуд, аммо ҳодиса рӯзи 9-уми июн рух додааст. Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни гузориши телевизионӣ гуфт, муноқиша […]

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” ҷузъиёти муноқиша байни ду гурӯҳи наврасонро, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохтааст, шарҳ дод.

Барномаи мазкур шоми 21-уми июн пахш шуд, аммо ҳодиса рӯзи 9-уми июн рух додааст.

Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни гузориши телевизионӣ гуфт, муноқиша аз баҳси лафзии ду наврас дар шабакаи иҷтимоӣ оғоз шуда, бо марги як нафар ба анҷом расидааст.

“Рӯзи 9-уми июн Беҳрӯз Давлатов дар шабакаи иҷтимоии Instagram бо Солеҳ Зокирҷонзода вориди баҳси лафзӣ шуда, онҳо ҳамдигарро бо алфози қабеҳ таҳқир кардаанд. Баъдан, барои ҳалли моҷаро онҳо дар кӯчаи А .Навоӣ, маҳаллаи 91-уми Душанбе мулоқот таъин кардаанд”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Шакурӣ, Солеҳ Зокирҷонзода бо се ҳамроҳаш ва Беҳрӯз Давлатов бо чаҳор дӯсташ бо корд мусаллаҳ шуда, ба макони маслиҳатшуда ҳозир шудаанд.

“Мувофиқи маълумотҳои назорати видеоӣ, соати 21:57 дар назди маркази бозиҳои компютерӣ задухӯрд сар зад. Дар ҷараёни занозанӣ яке аз бачаҳо Солеҳ Зокирҷонзодаро латукӯб карда, ба ӯ ду корд задааст. Худи Беҳрӯз Давлатов ба шиками Солеҳ боз як зарбаи сахт мезанад. Дар натиҷаи талафи зиёди хун Солеҳ ба ҳалокат расидааст”, – гуфт Шакирӣ.

Сироҷиддин Шакурӣ гуфт, аз рӯи ин далел 9 нафар боздошт шуда, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.