Дар Суғд 80 ҳазор хонанда ба истироҳатгоҳ мераванд. Киҳо ва чӣ имтиёз доранд?

Имсол дар вилояти Суғд беш аз 80 ҳазор хонандаи мактаб ба истироҳатгоҳ мераванд. Барои ятимону нимятимон, хонандагони дорои имконияти маҳдуд ва онҳое, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб шудаанд, истироҳат ройгон аст. Дар ин бора Сайфулло Раҳматов, муовини сардори Раёсати маориф дар вилояти  Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ҳудуди […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Asia-Plus"

Имсол дар вилояти Суғд беш аз 80 ҳазор хонандаи мактаб ба истироҳатгоҳ мераванд. Барои ятимону нимятимон, хонандагони дорои имконияти маҳдуд ва онҳое, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб шудаанд, истироҳат ройгон аст.

Дар ин бора Сайфулло Раҳматов, муовини сардори Раёсати маориф дар вилояти  Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ҳудуди вилоят 15 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаъолият доранд ва ба навбат хонандагонро ба истироҳати тобистона фаро мегиранд.

“Ҳамчунин, Иттифоқи касаба кормандони соҳаи маориф ва фарзандони омӯзгоронро ба роҳхати 70 дарсада ба истироҳатгоҳҳо мефиристад. Ҳоло дар истирҳҳатгоҳи “Суғд”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муҳассилини мактаб – интернати шаҳри Бӯстон, ки ятим ҳастанд, ба истироҳати ройгон ҷалб шудаанд”, – гуфт Сайфулло Раҳматов.

Ба иттилои ӯ, хонандагон аз 10 то 12 рӯз ба истироҳат ҷалб карда мешаванд ва нархи истироҳатгоҳ вобаста ба сифату хизматрасонӣ аз 300 то 1 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди вилояти Суғд истироҳатгоҳи тобистонаи арзонтарин – “Чашма”-и ноҳияи Зафаробод ба ҳисоб меравад, ки 300 сомонӣ арзиш дорад. Гаронтаринаш – истироҳатгоҳи “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон (собиқ Қайроқум) мебошад, ки 1400 сомонӣ муқаррар шудааст. Дигар истироҳатгоҳҳо 500-600 сомонӣ мебошанд.

“Дар ин миён хонандагон ба мавзеъҳои таърихии назди истироҳатгоҳҳо  саёҳат мекунанд ва ба хондани китобҳои бадеӣ машғул мешаванд”, – гуфт масъули Раёсати маориф дар вилояти  Суғд.

Шурӯъ аз 12-уми июн дар лагери “20- солагии Истиқлолият”-и ҷамоати Деҳмойи ноҳияи  Ҷаббор  Расулов басти якуми фарогирӣ ба истироҳатоҳҳо  оғоз гардид.

Рӯзи 17-уми июн дар басти  дуюм дар лагери “Суғд”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 250 кӯдак фаро гирифта шудаанд.

Ҳамин тариқ марҳила ба марҳила хонандагон ба истирҳатгоҳҳо ҷалб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки баъди соли хониш омӯзгорон ва хонандагон ба таътили тобистона буромада ба истироҳатгоҳҳо ҷалб мешаванд.

Аз ҷумла, чанде пеш Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки сар аз 1-уми июн беш аз 158 ҳазор мураббиву омӯзгори тоҷик ба таътили тобистона баромаданд ва истироҳати онҳо 56 рӯз муқаррар шудааст.

Мақомот мегӯянд, омӯзгорони нисбатан фаъолро дар давраи истироҳатӣ ба истироҳати ройгон ба осоишгоҳҳои кишвар мефиристанд.

Аз ҷумла, чанде пеш Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар дод, ки наздики 250 омӯзгори макотиби Суғд давраи таътили тобистонаро 12 рӯз дар осоишгоҳ хоҳанд гузаронд. Харҷи маблағи осоишгоҳ аз ҳисоби ҳукумати Суғд пардохт мешавад.

Масъулони Идораи маориф инро як василаи ҳавасмандии ин қишри ҷомеа медонанд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас дар макотиб машғуланд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.