“Сомон Эйр” шумори парвозҳоро ба Мюнхен зиёд кард

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки шумори парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе зиёд мекунад. Дар иттилоияи расмии ширкати гуфта мешавад, шурӯъ аз 19-уми июл ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба Мюнхен ва самти бозгашт ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом хоҳад дод. “Зиёд шудани парвозҳо байни Душанбе ва Мюнхен на танҳо Тоҷикистонро ба кишварҳои […]

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки шумори парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе зиёд мекунад.

Дар иттилоияи расмии ширкати гуфта мешавад, шурӯъ аз 19-уми июл ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳоро ба Мюнхен ва самти бозгашт ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом хоҳад дод.

“Зиёд шудани парвозҳо байни Душанбе ва Мюнхен на танҳо Тоҷикистонро ба кишварҳои Аврупо боз ҳам наздиктар месозад, балки барои мусофирон ба ҳангоми банақшагирии сафар имкониятҳои бештар фароҳам меорад”, – зикр мешавад дар иттилоияи расмии ширкат.

Гуфта мешавад, вақти парвоз аз Душанбе – 00:10, аз Мюнхен – 17:00 ба вақти маҳаллӣ буда, парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 сурат мегиранд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳо анҷом медиҳад.

Дар парки худ ширкат ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900-ро дар ихтиёр дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио